Дар манзили гурезаи афғони ба мусофирони қатора дар ҷануби Олмон бо табар ҳамлакарда парчами худсохти гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) пайдо шуд. Дар ин бора хабаргузории Рейтер рӯзи 19 июл бо такя ба вазири умури дохилии замини федеролии Бавария Йоахим Ҳерман иттилоъ дод.
Ҳамла бо табар аз сӯи ҷавони 17-солаи афғон ба мусофирони қатора дар шаҳри Вуезрбург шоми душанбе, 18 июл сурат гирифт. Ба иттилои полис, дар ин ҳодиса дасти кам се нафар ҷароҳати ҷиддӣ бардошта, як нафар маҷрӯҳ шуд ва 14 нафар дар ҳоли шок қарор доранд.
Ҳамлагар ҳангоми фирор аз ҷойи ҳодиса аз тири кормандони полис кушта шуд.
Сомонаи радиои Deutsche Welle бо такя ба гуфтаҳои Йоахим Ҳерман навишт, ки ҷавони афғон чанде пеш ҳамроҳ бо дигар паноҳандагон вориди Олмон шуда буд ва дар шаҳри Оксенфурт зиндагӣ мекард.