Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ереван талоши раҳоии гаравгонон идома дорад


Рӯёрӯии нируҳои амниятии Арманистон бо мардони мусаллаҳ, ки як бахши гурӯҳи мухолифон мебошанд ва бинои як шӯъбаи ноҳиявии пулисро ба тасарруфи худ даровардаанд, рӯзи дуввум аст идома дорад. Мақомоти интизомӣ талаби раҳоии раҳбари мухолифонро рад кардаанд.

Мақомоти Арманистон мегӯянд, ки як сарҳанги пулис кушта ва 4 афсари дигари пулис субҳи 17 июл ҳангоми ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба бинои пулиси Эребунӣ захмӣ шудаанд.

Афроди мусаллаҳ, ки аъзои гурӯҳи "Порламони муассис" мебошанд, шумораи номаълуми одамонро дар дохили бинои пулис дар гаравгонӣ нигоҳ медоранд.

Хадамоти Амнияти Миллӣ ҳушдор додаанд, ки ин гурӯҳ бояд ба нируҳои амниятӣ худро таслим кунад. Дар давоми шаби 17 ба 18 июл нируҳои амниятӣ бо афроди мусаллаҳ музокира анҷом медоданд, вале ин музокирот натиҷа надод.

Афроди мусаллаҳ эъломияе пахш ва раҳоии раҳбари худ Жирайр Сефилиянро талаб карданд. Вай моҳи гузашта аз тарафи нируҳои давлатӣ барои бо худ доштани аслиҳа боздошт шуда буд.

Генерал Унан Погосян-муовини аввали раиси пулиси Арманистон раҳоии раҳбари мухолифонро рад кард ва тақозо намуд, ки ҳамлакунандагон таслим шаванд.

17 июл вай гуфт, “агар онҳо ба дархости мо гӯш надиҳанд, мо онҳоро безарар мегардонем, зеро бо қотилон роҳи дигари муносибат вуҷуд надорад”.

XS
SM
MD
LG