Полиси Покистон рӯзи 17 июл дар бораи боздошти Васим Азим, ки дар куштори хоҳараш Қандил Балуҷ гумонбар мешавад, хабар дод.
Васим Азим дар шаҳри Дараи Ғозӣ Хон, воқеъ дар тақрибан садкилометрии шаҳри Мултон, ба даст уфтод.
Ӯ шоми 16 июл баъди боздошт иқрор кард, ки куштори хоҳараш Қандил Балуҷ “номусӣ” аст ва ӯ аз ин амалаш пушаймон нест.
Ба иттилои пулис, Васим Азим хоҳарашро ҳангоми хобаш бӯғӣ кардааст.
Қандил Балуч ё Фавзия Азим, хонуми модел ва аз ситораҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, чанде пеш аксҳояш аз дидор бо як муфтии покистонӣ дар моҳи Рамазонро расонаӣ карда буд. Бино ба ин аксҳо, муфтӣ Абдул Қавӣ дар канори Қандил Балуҷ нишастааст ва дар он рӯзи моҳи Рамазон болои миз нӯшокиҳо ва сигор ба чашм мерасанд, дар ҳоле, ки дар ин моҳи шариф барои мусалмонҳо аз бомдод то шом чизе хӯрдану нӯшидан ва истеъмоли тамоку қатъӣ манъ аст.
Муфтӣ Абдул Қавӣ гуфт, ки ӯ бо хонум Балуҷ фақат ба хотири сӯҳбат дар мавзӯи ислом мулоқот кардааст.
Куштори Қандил Балуҷ боиси эътирозҳо дар шаҳрҳои Лоҳур ва Қарочӣ гардид – ҷамъомадагон хостори ташдиди муҷозот барои қатлҳои номусӣ шуданд.
Ҳамасола садҳо занону духтарон дар Покистон аз сӯи пайвандонашон ба хотири, ба гуфтаи онҳо, ҳифзи номуси оила кушта мешаванд. Бештари гумонбарон дар ин кушторҳо мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор намегиранд.