Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи қотили Қандил Балуҷ идома дорад


Қандил Балуҷ
Қандил Балуҷ

Қандил Балуч, хонуми модели покистонӣ аз сӯи бародараш, кушта шудааст. Раиси пулис шаҳри Мултон, воқеъ дар иёлати Панҷоб Аъзам Султон рӯзи 16 июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон кушторро “номусӣ” хонда гуфт, ки аз ин қабл бародари Қандил Балуч дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хоҳарашро барои нашри видое ва аксҳо бо як муфтӣ таҳдид карда буд.

Бародараш пас аз қатли Қандил Балуч фирор кардааст ва ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад, афзуд афсари воломақоми полис.

Аз ин қабл пеш расонаҳои покистонӣ навишта буданд, ки Қандил Балуч аз таҳдидҳо ба худ нигаронӣ намуда ва аз ҳукумат хоста буд, ки амнияти ӯро таъмин намоянд.

Қандил Балуч аксҳояш аз дидор бо як муфтии покистонӣ дар моҳи Рамазонро расонаӣ карда буд. Бино ба ин аксҳо, муфтӣ Абдул Қавӣ дар канори Қандил Балуҷ нишастааст ва дар он рӯзи моҳи Рамазон болои миз нӯшокиҳо ва сигор ба чашм мерасанд, дар ҳоле, ки дар ин моҳи шариф барои мусалмонҳо аз бомдод то шом чизе хӯрдану нӯшидан ва истеъмоли тамоку қатъӣ манъ аст.

Муфтӣ Абдул Қавӣ гуфт, ки ӯ бо хонум Балуҷ фақат ба хотири сӯҳбат дар мавзӯи ислом мулоқот кардааст.

Ҳамасола садҳо занону духтарон дар Покистон аз сӯи пайвандонашон ба хотири, ба гуфтаи онҳо, ҳифзи номуси оила кушта мешаванд. Бештари гумонбарон дар ин кушторҳо мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор намегиранд.

XS
SM
MD
LG