Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия - дар ҷои якум. Аз нигоҳи афзоиши ВИЧ ва СПИД


Русия аз нигоҳи суръати афзоиши шумори гирифторони ВИЧ – вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД дар ҷаҳон ба ҷои аввал баромадааст. Бино ба гузориши барномаи муборизаи бо СПИД-и СММ, 80 дарсади мавридиҳои гирифторӣ дар Аврупои шарқӣ ба Русия ва 15 дарсадаш ба Беларус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Украина рост меояд.

Русия аз нигоҳи суръати афзоиши ВИЧ ҳатто аз кишварҳои ҷануби Африқо пеш гузаштааст.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон дар баробари мавоид мухаддир ва танфурӯшӣ муҳоҷирати корӣ дар Русияро яке аз манбаъҳои афзоиши шумори гирифторони ВИЧ дар ин кишвари пасошӯравӣ меноманд. Бино ба омори расмӣ, теъдоди гирифторони ВИЧ дар Тоҷикистон аз марзи 7000 нафар гузаштааст.

Видеоҳои охирин

Беқурбшавии сомонӣ воридотро душвор кардааст.
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:55 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG