Русия ба нақша гирифтааст, ки мушкаҳои пешрафтаи S-400-и худро дар нимҷазираи забтшудаи Қрими Украина ҷойгир кунад. Дар ин бора муовини фармондеҳи артиши 18 дифои ҳавоии Русия 15 июл хабар дод ва гуфт, ин мушакҳо бояд то моҳи август мустақар карда шаванд.
То ҳол маълум нест, ки Русия ин мушакҳоро бо мушакҳои S-300, ки дар он ҷой ҷойгир ҳастанд, иваз хоҳад кард ё мушакҳои S-400 ба таври иловагӣ мустақар мешаванд.
Системаи S-400 метавонад ҳамзамон 300 ҳадафро нишон гирад. Ин мушакҳо метавонанд дар садҳо километр ҳадафро нобуд кунанд.
Русия моҳи марти соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард ва ин иқдомро маҳофили байналмиллалӣ маҳкум карданд.
Нируҳои дарёии Русия дар Севастопол дар Баҳри Сиёҳ ҷой гирифтаанд.