Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ бо иштироки Озода Раҳмон


Озода Раҳмон
Озода Раҳмон

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон – рӯзи 15 июл баргузор хоҳад шуд. Ин нахустин иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ хоҳад буд, ки бо иштироки Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегузарад. Дар Маҷлиси Миллӣ гуфтанд, дар ин иҷлосия масъалаи ворид кардани иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Маҷлиси Намояндагон”, “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кодекси меҳнат ва масоили дигар баррасӣ хоҳад шуд. Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, охири моҳи майи соли ҷорӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ интихоб шуд. Вай 14 апрел дар иҷлосияи панҷуми маҷлиси вакилони халқи пойтахт номзад ба узви Маҷлиси Миллӣ аз ҳавзаи интихоботии рақами 4-и шаҳри Душанбе пешниҳод шуда буд. Қаблан аз ҳавзаи чоруми пойтахт дар Маҷлиси Миллӣ Бахтиёр Худоёрзода – раҳбари собиқи дастгоҳи президент намояндагӣ мекард. Худоёрзода дар поёни моҳи январ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъин шуд ва дигар ҳаққи узвият дар Маҷлиси миллиро надорад.

XS
SM
MD
LG