Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи сеюми коргардони украинӣ дар зиндон


Тарафдорони коргардони синамо аз Қрим Олеҳ Сентсов дар Украина ва берун аз он 40-солагии ӯро таҷлил карданд. Ин алакай севумин зодрӯзи Сентсов аст, ки ӯ дар зиндони Русия мегузаронад. Додгоҳи Русия ӯро бо иттиҳоми терроризм дар нимҷазираи Қрим, ки соли 2014 аз сӯи Русия тасарруф шуд, ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Кумитаи якдилӣ, марказаш дар Киев, Сентсов ва шарики ӯ Олександр Колченкоро, ки дар Русия ба 10 соли маҳбас маҳкум шудааст, маҳбусони сиёсӣ номид. Сентсов ва Колченко ба аъмоле, чун оташ задани дафтари ҳизби рӯ ба Кремл ва қасди таркондани ҳайкали Владимир Ленин дар шаҳри Симферопол, маркази Қрим гунаҳкор шудаанд. Ҳарду ин иттиҳомотро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG