Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Миср ба Исроил сафар кард


Самӣ Шукрӣ
Самӣ Шукрӣ

Вазири хориҷаи Миср рӯзи 10 июл бо як сафари нодире ба хотири азсаргирии раванди сулҳи Исроилу Фаластин вориди Исроил шуд. Сафари Самӣ Шукрӣ нахустин боздиди вазири хориҷаи Миср аз Исроил дар 9 соли охир аст. Ӯ бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот мекунад. Ин сафар дар пасманзари талошҳои Фаронса барои дигарбора дар пушти мизи музокирот гирд овардани исроилиҳову фаластиниҳо анҷом мешавад. Шукрӣ рӯзи 29 июн дар Ромуллоҳ бо мақомоти фаластинӣ низ гуфтугӯ дошт. Миср мегӯяд, раванди сулҳ бояд таъсиси давлати мустақили Фаластин дар марзҳои соли 1967 бо Байтулмуқаддаси шарқӣ ба ҳайси пойтахти ин давлатро фаро бигирад. Аммо талошҳои қаблӣ барои ба пушти мизи музокирот овардани исроилиҳову фаластиниҳо дар солҳои гузашта ба нокомӣ анҷомиданд. Мақомоти Исроил мегӯянд, танҳо музокироти мустақим бо фаластиниҳо метавонад ба низое, ки даҳсолаҳо боз тӯл мекашад, нуқта гузорад. Аммо мақомоти фаластинӣ сохтмони маҳаллаҳои яҳудинишинро як мониаи умда дар роҳи сулҳ меноманд.

XS
SM
MD
LG