Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ аз Ишқобод хост Непесқулиеро озод кунад


Сафармамад Непесқулиев.
Сафармамад Непесқулиев.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз мақомоти Туркманистон хост, ки рӯзноманигор Сафармамад Непесқулиев -- хабарнигори озодро, ки бо расонаҳои мустақил ҳамакорӣ мекард, озод намояд. Ин рӯзноманигори туркман аз як сол ба ин тараф бо иттиҳомоти сохта дар зиндон ба сар мебарад.

Раҳбари Радиои Озодӣ Томас Кент таъқиби ҷиноятии ин хабарнигори туркманоро "таҳрикомез ва ғайриинсонӣ" хонд. Ба гуфтаи раҳбари Радиои Озодӣ, "мақомот ба ин боваранд, ки метавонанд хомӯшона ва бемуҷозот, бидуни додгоҳ, хабарнигореро, ки дар бораи воқеиятҳои ҷомеаи худ менависад, зиндонӣ кунанд."

То ба ҳол ҷои нигаҳдории ин рӯзноманигори туркман маълум нест ва вакилони дифоъ ҳам ҳаққи мулоқот бо ӯро надоранд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, парвандаи ин рӯзноманигор бинобар ангезаҳои сиёсӣ сохтакорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG