Дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Португалия ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Урупо-2016 мушарраф шуданд.
Мизбони мусобиқот – тими миллии Фаронса дар бозии ниманиҳоӣ, ки шаби 7 июл дар шаҳри Марсел баргузор шуд, мунтахаби Олмон, қаҳрамони феълии ҷаҳонро, бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ҳарду голро ба дарвозаи олмониҳо ҳамлагар Антуан Гризманн зад. Вай дар замони изофии нимаи аввали дидор аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Голи дувумро Гризманн дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд. Ҳамакнун вай бо 6 гол дар ин мусобиқот дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо дар мақоми аввал қарор дорад.
Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Фаронса бо тими Португалия рақобат мекунад.
Португалиҳо дар бозии ниманиҳоӣ шаби чоршанбеи 6 июл бар мунтахаби Уэлс бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ҳарду гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Криштиану Роналду дар дақиқаи 50-ум бо зарбаи сар тӯбро ба тӯри дарвоза зада, ҳисобро кушод. Голи дувумро ба дарвозаи мунтахаби Уэлс бо кӯмаки Роналду ҳамлагар Нани аз ҷаримагоҳ зад.
Ҳамин тариқ, бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Урупо-2016 миёни дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Португалия рӯзи якшанбеи 10 июл дар варзишгоҳи "Стад де Франс"-и шаҳри Сен-Дени баргузор мешавад.
Мумкин бесохиб ту боши и миллат сохиб дора ту мутахасис набоши чи да хами бора гап мезани хами ваксиная да Америка Япония Аврупоям истифода бурдестан як чия дониста нависен Муши Озмоиши
Рафтан ба Русия:ТЁМНЫЙ ЛЕС,бгу ага не.
Мухтарам вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон- Сироҷиддин Муҳриддин Русия ҳеч шарте пеши рӯйи Тоҷикистон, аз ҷумла вуруд ба ЕАЭС-ро нагузоштааст ва намегузорад. Шумо мачбур мешавед ва пешниход менамоед, ки Тоҷикистонро ба ЕАЭС дохил кунед.
Русия ҳеҷ шарт намод, ё монд. Инро на шумо ҷуръти баёнашро доред, ки у барои мо шарт монд гуфта.! Ва уҳам гов нест, ки ошкоро ин суханро гуяд, ки агар вориди еаэс нашви роҳ боз намешавад. миллати тоҷик алҳамдулилоҳ хусусан насли ҷавоне, ки таҳлил мекунад хабарҳоро, сиёсатҳоро, хуб мефаҳмад. Акаи Сироҷиддин бо худат миллатро муқоиса накун зеро фаҳмиш, биниш, дарк, бардошти ҳаркас бо шумо якке нест. Бо эҳтимоли зиёд, натиҷа ҳамон як ҳаст,ворид шудан ба (ЕАЭС) инҳам фурсат барои Русия ҳаст, ки болои шумо фишор биёрад, ки ворид шавед гуфта, мо дарк мекунем, ки барои мо зарарҳам дорад, аммо дар айни замон фоидаш барои миллати коригар хусусан муҳоҷир бештар ҳаст, агар аз ҳаққи худ онҳоҳам дифоъ кунанд ва шумоҳам кумак кунед дар русия. (Арбоб мезанад ба ҳар боб.) (сухани Муйсафедҳои тоҷик) инро ҷидди бигиред.
Ин ваксина дар ҷаҳон ҳеҷ ҷойгоҳе надорад, ва мехоҳан дар мардуми мо озмоиш гузаронан миллати мо муши озмоиши нест. Мисли бечора мардуми Африқо аввал дар онҳо озмоиш мекунан баъдан ба худашон. Мардуми тоҷик худатон ҳама сайтҳои мухолиф ва мувофиқро хонад таҳлил кунед, кадом ваксина беҳтар ҳаст, ва давлатои пешрафта аз кадом ваксина истифода мебаран. Ман таблиғи инҳоро намекунам худатон бинед, хонед мардуми аврупо ба чи хулоса омадан ин як навъи бизнеси хуб барои абарқудратон. Худо худат ба ин миллати мазлуму, бечарову, бесоҳиб раҳм кун ҳамаи мардуми дунё, ки мазлуман ва барои таҷрибаи қудратмандон истифода мешаван наҷот бидеҳ. Ё Аллоҳ ба доди мазлумин бирас.