Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаппа шудани як автобус дар Хуросон


Як автобуси ҳомили мусофирон дар ҳудуди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон чаппа шудааст. Ин автобус мутааллиқ ба ширкати "Asian Express" буда, ба самти ноҳияи Панҷ равон будааст. Як манбаъ рӯзи 5 июл ба Озодӣ гуфт, чанде аз мусофиронро дар ҳолати беҳушӣ ва сардардӣ ба бемористон интиқол додаанд. "Аммо касе осеби ҷиддӣ надидааст. Автобус аз роҳ берун шуда, ба поён афтодааст. Оинаҳояш шикастаанд," - афзуд манбаъ. Дар сурати ба даст омадани иттилои бештар дар ихтиёри Шумо хоҳем гузошт.

XS
SM
MD
LG