Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таъсиси Оҷонсии миллии зиддитеррор


Ҳамлаҳои Порис. Акс аз бойгонӣ
Ҳамлаҳои Порис. Акс аз бойгонӣ

Парлумони Фаронса ба хотири расидагӣ ба нигарониҳо дар бораи хатарҳои ношӣ аз терроризми байналмилалӣ тағйирот дар сохтори хадамоти амниятии кишварро пешниҳод кардааст. Ин тарҳи ислоҳот аз ҷумла дар як ниҳоди воҳид бо номи “Оҷонсии миллии зиддитеррор” муттаҳид кардани ниҳодҳои мухталифи иктишофиро дар бар мегирад. Ин тавсияҳо натиҷаи таҳқиқоти парлумониест, ки дар пайи ҳамлаҳои хунии моҳи ноябри соли гузашта дар Порис рӯи даст гирифта шуд. Бар асари он ҳамлаҳо, ки масъулияташро созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт, 130 нафар кушта шуданд. Раҳбари кумиссиюни таҳқиқотӣ Жорж Фенеш гуфт, “дар рӯбарӯи таҳдиди терроризми байналмилалӣ мо бояд дар масъалаи амният бештар мувозеҳ бошем.” Амрико низ дар пайи ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 аксари идораҳои амниятиашро дар як Департаменти амнияти дохилӣ муттаҳид карда буд.

XS
SM
MD
LG