Ҳамлаи ду маргталаб аз ҷунбиши Толибон ба автобусҳои ҳомили шогирдони як давраи омӯзишии пулис дар 20-километрии ғарби Кобул, пойтахти Афғонистон, даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷо гузошт. Хабарҳо дар бораи шумори қурбониёни ҳамлаи рӯзи 30 июн гуногун аст, вале дар бархе манобеъ аз ҳалокати дастикам 27 нафар ва ҷароҳат бардоштани то 40 нафари дигар хабар медиҳанд. Ин автобусҳо аз як маркази тамринӣ дар вилояти Вардак ба пойтахт бармегаштанд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, “Толибон беш аз ҳар вақти дигар чеҳраи бидуни раҳму тараҳҳуми худро намоиш доданд.” Толибон дар як нома ба расонаҳо масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт. Пулиси маҳаллӣ гуфт, шумори қурбониён метавонад бештар бошад, чунки ин автобусҳо қариб 200 курсантро ба Кобул меоварданд.