Парвозҳо аз фурудгоҳи байнулмилалии Отатурки Истамбул баъд аз ҳамлаҳои террористии як рӯзи пеш аз сар гирифта шуданд. Сомонаи интернетии фурудгоҳ 29 июн хабар дод, ки қарор аст ширкати Turkish Airlines чанд парвоз дар хатсайрҳои байнулмилалӣ ва маҳаллиро анҷом диҳад.
Ба иттилои телевизионии CNN Turk, фурудгоҳ баъд аз ҳамлаҳои террористии шоми 28 июн барои чанд соат пурра баста буд ва рӯзи чаҳоршанбе ба мусофирон иҷозаи вуруд ба терминалро доданд.
Бар асари ҳамлаҳои се маргталаб шоми 28 июн 36 нафар ба ҳалокат расида, 147 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилои расмӣ, миёни қурбониёну маҷрӯҳон шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ҳастанд.
Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим аз бинои осебдидаи фурудгоҳ дидан кард ва ҳадс зад, ки ҳамлаи террористӣ аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷмо шудааст. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамлаи террористӣ алайҳи шаҳрвандони бегуноҳро шадидан маҳкум кард.
Кохи Сафед, Созмони Милали Муттаҳид, Олмон ва дигар кишварҳо ҳамлаҳо дар фурудгоҳи Отатурки Истамбулро маҳкум намуданд.