Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ҳатмӣ ба артиш манъ шуд


Тинатин Хидашели
Тинатин Хидашели

Тинатин Хидашели, вазири дифои Гурҷистон дар як барномаи мустақими телевизион фармони манъи даъвати ҷавононро ба артиш имзо кард. Ӯ гуфт, "мо ба сарбозоне, ки маҷбурӣ ба артиш оварда мешаванд, ниёз надорем." Хонум Хидашели афзуд, ки аз ин ба баъд артиши Гурҷистон комилан қарордодӣ мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, 90 дарсади артиши Гурҷистон аз ҳисоби сарбозону афсарони қарордодӣ такмил шуда, танҳо 10 фоизи боқимонда аз тариқи даъвати ҳатмӣ ба хидмати низомӣ ҷалб шудаанд.

Ираклий Сесиашвили, раиси кумитаи мудофиа ва амният дар парлумони Гурҷистон фармони вазирро "намунаи бемасъулиятӣ" номид ва гуфт, артиши Гурҷистон ба низоми қарордодӣ омода нест. Парлумон қаблан пешниҳоди манъи даъвати ҳатмии ҷавонон ба хидмати низомиро рад карда буд.

Тинатин Хидашели аз нахустин занҳост, ки дар паҳнои пасошӯравӣ ба мақоми вазири дифоъ расидаанд. Ӯ ҳамсари Давид Усупашвили, раиси кунунии парлумони Гурҷистон аст.

XS
SM
MD
LG