Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи якҷояи Садриддину Ғизол дар Канада


Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик, барои чаҳор рӯз дар Канада барномаҳои ҳунарӣ иҷро мекунад.

Шафиқ Қиём, раҳбари ширкати “Қиём интертейнмент”, 28 июн ба Озодӣ гуфт, ин аввалин консерти Садриддин дар Канада буда, рӯзҳои 9-10 ва 16-17 июл баргузор хоҳад шуд. Ӯ гуфт, “ин консерт муштарак бо Ғизол Иноят, овозхони афғонистонӣ, баргузор мешавад. Ғизол дар аввали баҳор дар Канада консерт баргузор кард ва ин дафъа бо Садриддин барномаи ҳунарӣ дорад.”

Моҳи марти соли ҷорӣ дар остонаи Иди Навруз дар пойтахти Тоҷикистон се консерти муштараки Ғизол Иноят ва Садриддини Наҷмиддин баргузор шуда буд.

Номи Ғизол Иноят, овозхони афғон, баъд аз бозхонии таронаи “Ҷони ман”-и Кароматуллои Қурбон дар соли гузашта дар Тоҷикистон маъруф шуд. Ин таронаи якҷояи Садриддину Ғазал рӯзи 25 августи соли гузашта дар саҳифаи Ромин Мансур дар шабакаи Ютуб гузошта шуда, танҳо дар се моҳи аввалаш онро 1 миллиону 185 ҳазору 745 кас диданд.

XS
SM
MD
LG