Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои ҷонибҳо дар нақзи оташбас дар Қарабоғ


Ҷониби Озарбойҷон нерӯҳои Арманистонро дар он айбдор мекунад, ки 12 бор хати тамосро тирборон кардаанд. Низомиёни Қарабоғ ҳам мегӯянд, ҷониби Озарбойҷон ба сӯи онҳо оташ кушодааст.

Бар пояи иттилои ҷониби Озарбойҷон, мавзеъҳо дар деҳаи Балаҷафарлии ноҳияи Қазоқ бо мавзеи наздик ба деҳаи Айговити ноҳияи Иҷевани Арманистон тирборон шудаанд.

Хабаргузории Тренд бо истинод ба низомиёни Озарбойҷон хабар додааст, ки ба сӯи мавзеи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо мавзеъҳои дар деҳаи Чилябурти Тертер, Горадиз, Ашаги Сайидаҳмадлӣ ва Ашаги Вейселли ноҳияи Физулин ҷойгирбуда оташ кушодаанд. Намояндаҳои низомиёни Арманистон то ҳол дар робита ба ин иддаои ҷониби Озарбойҷон ибрози назар накардаанд.

Низомиёни Қарабоғ ҳам дар навбати худ мегӯянд, вазъ дар хатти тамос нисбатан ором аст. "Ҷониби душман низоми оташбасро дар асл ба воситаи тупҳо вайрон намуд", - хабар медиҳад " Спутник-Арманистон" бо истинод ба иттилои низомиёни Қарабоғи Кӯҳӣ.

XS
SM
MD
LG