Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никита Белих ду моҳ дар маҳбас мемонад


Никита Белих
Никита Белих

Додгоҳи ноҳияи Басманнаяи Маскав дар бораи ду моҳ ҳабс кардани волии вилояти Киров Никита Белих ҳукм содир кард. Додрас Артур Карпов бо дархости муфаттишон тасмим гирифт, ки Никита Белих то 24 август дар боздоштгоҳи муваққат боқӣ монад.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки Никита Белих шахсан ва тавассути миёнаравҳо барои ҳалли мушкили ришватдиҳандаҳо ва мусоидат дар татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар қаламрави вилояти Киров ба маблағи 400 ҳазор доллар пора гирифтааст. Никита Белих, ки замоне раҳбари ҳизби мухолифи “Союз правых сил” (“Иттиҳоди нерӯҳои ростгаро”) буд, рӯзи ҷумъа дар яке аз тарабхонаҳои Маскав ҳангоми гирифтани ришват дастгир шуд. Ҳамон рӯз дар бинои ҳукумати вилояти Киров кофтукоб сурат гирифт.

Намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин рӯзи 25 июн хабар дод, ки ба волии вилояти Киров иттиҳоми ришватхорӣ дар ҳаҷми бузург эълон шуд.

Бино ба гуфтаи муфаттишон дар додгоҳ, Белих изҳор намудааст, ки маблағро барои эҳтиёҷоти вилоят гирифта буд. Ҳамзамон ӯ пойфишорӣ дорад, ки ҳеҷ гоҳ ришва нагирифтааст ва омода аст то бо мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ кунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи 25 июн ба "Интерфакс" гуфт, ки Владимир Путин аз боздошти Никита Белих иттилоъ дорад ва аммо дар бораи истеъфои ӯ тасмим нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG