Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 сол ҳукми зиндони наворбардори ҷангҷӯён


Додгоҳи Сомонӣ
Додгоҳи Сомонӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе сокини 22-солаи пойтахт Абдулло Юсуповро бо ҷурми “зархаридӣ” ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешавад, ин донишҷӯи соли сеюми риштаи равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавассути шабакаи “Однокласнники” бо “Абӯ Дирор” ном нафаре ошно шуда, моҳи июни соли 2015 бо даъвати ӯ ба Сурия рафтааст. Додгоҳ мегӯяд, Абдулло Юсупов дар шаҳри Ҳалаб ҳамчун наворбардори гурӯҳи мамнӯи “Ҷабҳат-ун-нусра” фаъолият карда, лаҳзаҳои машқи ҷангҷӯёни ин гурӯҳро барои истифода дар наворҳои таблиғотӣ сабт мекард. Ӯ моҳи феврали соли 2016 ҳангоми бозгашташ дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Моддаи 401-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои бегона ҳамчун ҷазо аз 5 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомот, то имрӯз ширкати то 1300 шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ мушаххас шудааст. Тақрибан 300 шаҳрванди тоҷик дар ин ду кишвари Ховари Миёна кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG