Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари попи Рум ба Арманистон


Попи рум моҳе пеш дар як урдугоҳи паноҳҷӯён пои онҳоро бӯсид ва хостори кӯмак ба ин мардум шуд
Попи рум моҳе пеш дар як урдугоҳи паноҳҷӯён пои онҳоро бӯсид ва хостори кӯмак ба ин мардум шуд

Попи Рум Франсис рӯзи 24 июн сафари серӯзааш ба Арманистонро оғоз кард. Франсис дар Арманистон, ки даҳҳо ҳазор паноҳҷӯ аз Сурияву Ироқро пазируфтааст, нигаронии Ватикан аз сарнавишти масеҳиҳо дар Ховари Миёнаи ҷангзадаро баён мекунад. Попи Рум тайи ин сафар ҳамчунин аз маҷмаи ёдгории қурбониӣни қатли беш аз 1 миллион арманӣ дар солҳои 1915-1917 аз сӯи туркони усмонӣ зиёрат ва бо намояндагон ҷамъияти хурди католикҳои Арманистон мулоқот мекунад ва аз Хор Вигар дар наздикии марзи Туркия ба сӯи кӯҳи Арарат ду кабӯтарро сар медиҳад. Франсис дувумин попи Рум аст, ки баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба Арманистон сафар мекунад.

XS
SM
MD
LG