Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Spiegel: Варзишгарони рус шояд аз Олимпиада маҳрум шаванд


Сарнавишти тими олимпии Русия дар ҷаласаи 21 июн дар шаҳри Лозанна ҳал хоҳад шуд. Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар ин ҷаласа шояд дар бораи барканории тими Русия аз бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро қарор қабул кунад. Дар ин бора бо такя ба ширкатдорони ҷаласа маҷаллаи Spiegel-и олмонӣ хабар медиҳад.

Бино бар иттилои маҷҷала, қабл аз шурӯи ҷаласаи барканории варзишгарони рус, мудири Кумитаи байналхалқии олимпӣ Томас Бах бо президенти Русия Владимир Путин вазъиятро баррасӣ хоҳад кард. Кремл мегӯяд, ки аз ин машварат иттилоъ надоранд. “Мо дар бораи мавҷудияти чунин гуфтугӯ хабар надорем”, - мегӯяд котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.

Рӯзи ҷумъаи 17 июн Эътилофи байналхалқии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) ба далели истифодаи допинг таҳрими варзишгарони русро тамдид карда, барканории онҳоро аз бозиҳои Олимпӣ ҷонибдорӣ намуд. Виталий Мутко, вазири варзиши Русия баъди шунидани ин хабар гуфт, IAAF “бояд пароканда карда шавад”.

Моҳи ноябри соли 2015 Оҷонсии байналхалқии зиддидопинг (WADA) дар бораи найрангҳои озмоишгоҳи допингии Москва гузориш дода буд. WADA хабар медиҳад, ки истифодаи доруҳои манъшуда дар варзиши Русия “ба фарҳанг табдил шуда, давлат ҳам аз он пуштибонӣ мекунад”.

XS
SM
MD
LG