Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва Карелия дар сӯги кӯдакони дар кӯл ҷонбохта нишастанд


Амалиёти ҷустуҷӯ идома дорад
Амалиёти ҷустуҷӯ идома дорад

Ҷанозаи кӯдакони дар як кӯл дар Карелия ғарқшуда рӯзи 20 июн тавассути ҳавопаймо ба Маскав оварда шуд. Дар ин бора вазорати ҳолатҳои изтирории Русия хабар дод.

Бар асари ғарқ шудани ду қаиқ дар кӯли Сямозеро дар ҷумҳурии Карелияи Русия 14 нафар - 13 кӯдаки синнашон 12-13 сола ва мураббии онҳо ба ҳалокат расиданд. Дасти кам даҳ нафар аз кӯдакони ҷонбохта аз хонаводаҳои фақир ва ятимхонаҳои шаҳри Маскав буданд. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ҷасади ҳамаи онҳо рӯзи якшанбе аз об берун оварда шуд.

Екатерина Биктимирова, як масъули вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Карелия гуфт, “гурӯҳи иборат аз 49 нафар рӯзи шанбе барои қаиқронӣ рафта буданд ва дӯчори тӯфон шуданд”

Дар Карелия ва Маскав 20 июн ба ёди қурбониёни ҳодиса рӯзи мотам эълон шудааст.

Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи иттиҳоми «таъмин накардани бехатарӣ, ки боиси марги ду ва ин бештари одамон шудааст» парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Шаби гузашта боз як гумонбар дар ҳалокати кӯдакон дар Карелия – муррабии онҳо боздошт шуд. Владимир Маркин, намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия, гуфт, ки алҳол панҷ нафар – раиси ширкати "Парк-отел Сямозеро", ташкилкунандаи истироҳати кӯдакон Елена Решетова, муовини раиси урдугоҳ Вадим Виноградов ва инструкторҳо Регина Иванова ва Людмила Василиева ва мураббӣ дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG