Дар Маскав ду ҷавон мошини BMW-и як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро дуздидаанд. Ин ҷавон ба пулис гуфтааст, ки мехост мошинашро бифурӯшад, вале ду ҷавони “харидор” рӯзи 16 июн дар кӯчаи Витебскаяи пойтахти Русия барои тафтиш савори мошин шуда, ғайб задаанд. Пулис баъди як соат мошини дуздишударо аз ҳамон маҳаллаи Маскав пайдо кард, вале мошиндуздҳо алакай ғайб зада буданд. Матбуоти Русия ин суолро матраҳ кардааст, ки ин ҷавони тоҷики бекор барои ин мошини нархаш 2,5 миллион рубл, муодили 38 000 доллар, аз куҷо пул ёфтааст?