Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон аз паноҳҷӯёни афғон фаромӯш кардааст


Кумиссари олии СММ дар умури паноҳандагон гуфт, афғонҳои беҷошуда ҳанӯз то рехтани шумори зиёди онҳо ба Аврупо дар соли гузашта алакай аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ “фаромӯш” шуда буданд. Филиппо Грандия рӯзи 18 июн зимни нахустин сафари худ ба минтақа дар пайи мулоқот бо муовини вазири дохилаи Эрон Ҳусейн Зулфиқорӣ гуфт, танҳо дар пайи аз ёди ҷаҳон рафтанашон ин беҷошудаҳо худро ба Аврупо заданд. Ба ҳисоби СММ, дар Эрон 950 000 паноҳҷӯи афғон ба сар мебаранд. Вазорати дохилаи Эрон ҷамъи афғонҳоеро, ки дар Эрон зиндагӣ мекунанд, ҳудуди 3 миллион нафар баршумурдааст. Зулфиқорӣ гуфт, Эрон барои пешгирӣ аз сели паноҳҷӯёне, ки ба кишварҳои дигар, бавижа ба Аврупо мерезанд, харҷи бузургеро пардохт мекунад. Филиппо Грандия аз ҷомиаи ҷаҳонӣ хост, ки ба Теҳрон дар ин амр кумак кунанд, чунки “агар ба паноҳҷӯён дасти ёрӣ дароз накунем”, онҳо ҳамаҷоро пур мекунанд.

XS
SM
MD
LG