Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

900 ҳазор рубл ришва - барои афсари ФСБ


Мақомоти вилояти Воронежи Русия тафтиши парвандаи як шаҳрванди 40-солаи бо иттиҳоми қасди додани пора ба муфаттиши ФСБ – Хадамоти федеролии амниятро анҷом додаанд. Кумитаи тафтишоти вилояти Воронеж рӯзи 18 июн хабар дод, ки ин зодаи Тоҷикистон дар ивази ба моддаи сабуктар иваз кардани иттиҳоми зидди як ҳамватанаш ба афсари ФСБ 900 ҳазор рубл, муодили тақрибан 14 ҳазор доллар пешниҳод кардааст. Шиноси боздоштшудаи ин шаҳрванди тоҷик ба қасди фурӯши маводи мухаддир ба миқдори бузург айбдор мешавад. Ба гуфтаи мақомот, шаҳрванди тоҷик бо вуҷуди аз гирифтани пора сарпечӣ кардани муфаттиш ба ӯ дар дохили мошини “ВАЗ 211224) 650 000 рубл ва 3800 доллар, яъне дар маҷмӯъ ҳудуди 900 ҳазор рублро ба дасти корманди ФСБ “меқапонад.” Дар ҳамин ҳангом ӯро кормандони дигари ФСБ боздошт мекунанд. Акнун ба ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки парвандааш алакай ба додгоҳ рафтааст, то 5 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи 60 миллион рубл, муодили қариб 1 миллион доллар таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG