Додгоҳи ноҳияи Данғара модари Раҳмиддин Муродов, хонандаи мактаби таҳсилоти умумии шумораи 67-и ноҳияи Данғараро барои дар канори шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Кўлоб ба фурӯхтани алафи табии «қокӯ» машғул шудани писараш, ба миқдори 120 сомонӣ ҷарима кардааст. Дафтари матбуотии додгоҳи ноҳияи Данғара иттилоъ дод, ки модари Раҳмиддин Муродов, хонандаи сини 7-и -и мактаби рақами 67 тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ, муҷрим шинохта шуда, охири моҳи апрел аз сӯи додгоҳ 120 сомонӣ ҷарима шудааст. Ҷарима шудани волидайни як хонанда аз сӯи додгоҳ дар ноҳияи Данғара дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли баҳор дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе даҳҳо кӯдак ба фурӯшӣ «қокӯ» машғуланд. Бар асоси қонуни "Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд", волидайн то ба балоғат расидани фарзандонашон, ҷавобгӯи кирдорҳои онҳо мебошанд.