Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои Эрон ба осмони Аврупо бармегарданд


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки ширкати ҳавоии Эронро аз феҳристи сиёҳ хориҷ кардааст ва акнун ба бисёре аз ҳавопаймоҳои Эрон иҷоза медиҳад, ки ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо парвоз кунанд.

Хонум Виолета Балк-комиссари умури нақлиётии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, “баъд аз боздиди ман аз Эрон дар моҳи апрел моҳи май арзёбиҳои техникӣ муваффақиятомез анҷом гирифт”.

Вай гуфт, “ҳоло мо метавонем бештари ҳавопаймоҳои Эронро ба осмони Аврупо баргардонем”. Аммо ин намояндаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки ҳавопаймоҳои Fokker 100 ваBoeing 747-и Эрон иҷозаи парвоз дар осмони Аврупоро надоранд.

XS
SM
MD
LG