Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Путин ва Юнкер бо ҳам мулоқот мекунанд

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 16 июн бо Жан Клод Юнкер-раиси Кумиссиюни Аврупо дар Санкт-Петербург дар ҳамоиши иқтисодии байналмиллалӣ мулоқот мекунад.

Мавзӯи эҳтимолии сӯҳбати онҳо муносибати байни Русияву Иттиҳодияи Аврупо, таҳримҳои зидди Русия ва тадибирҳои ҷавобии Русаия, бӯҳрони муҳоҷират ба Аврупо хоҳад буд. Дар ин бора Юрий Ушаков-мушовири Путин ба матбуот хабар додааст.

Имкон дорад, ки Путин ва Юнкер масъалаҳои байналмиллалиро низ баррасӣ кунанд. Ба ин массъалаҳо, аз ҷумла тӯл кашидани музокироти сулҳ барои поён додани муноқишаҳо дар Сурияву Украина, дохил мешаванд.

Баъд аз мулоқот бо Юнкер раиси ҷумҳури Русия ба мулоқоти Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ меравад ва мубориза бар зидди терроризм, вазъ дар Сурия ва қатъи бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Касеро аз ҳавопаймои Air India зинда наёфтаанд

Ҳавопаймои сарнагушуда дар Ҳиндустон
Ҳавопаймои сарнагушуда дар Ҳиндустон

Расонаҳои Ҳиндустон хабар додаанд, ки аз 242 сарнишини ҳавопаймои Air India касе зинда намондааст. Дар миёни сокинони биное, ки ҳавопаймо бархурдааст, қурбониён низ ҳаст, вале ҳанӯз теъдодашон эълон нашудааст.

Ҳавопаймо соати 10:06-и рӯзи 12-уми июн аз фурудгоҳи шаҳри Аҳмадобод боло шуд, вале пас аз чанд сония ба замин сарозер шуд. Дар наворҳо дида мешавад, ки баробари ба замин бархурдан ҳавопаймо метаркад.

Рам Моҳан Найду Кинҷарапу, вазири ҳавонавардии Ҳинд гуфтааст, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ҳанӯз сабаби сарозер шудани ҳавопаймо дақиқ нашудааст.

Ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner аз Аҳмадобод бояд ба Лондон парвоз мекард.

Дар дохили он, ба ҷуз 12 нафар халабону хидматрасон, 169 шаҳрванди Ҳинд, 53 шаҳрванди Бритониё, 7 шаҳрванди Португалия ва як шаҳрванди Канада будааст.

Ҳавопаймои Air India бо 242 сарнишин дар Аҳмадобод сарнагун шуд

Ҳавопаймои ширкати Air India
Ҳавопаймои ширкати Air India

Ҳавопаймои ширкати Air India бо 242 мусофир дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон ба замин афтода, оташ гирифтааст.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ин ҳавопаймо рӯзи 12-уми июн аз шаҳри Аҳмадобод бояд ба Лондон парвоз мекард, вале дар дохили шаҳр ва болои манзилҳои зист суқут кард.

Ҳанӯз сарнавишти мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо маълум нест. Ба ҷои ҳодиса хадамоти оташнишонӣ сафарбар шудааст.

Air India дар саҳифааш дар Х навиштааст, ки дар зудтарин фурсат ҷузъиёти ҳодисаро нашр мекунанд.

Дар наворҳое, ки расонаҳо аз корбарон нашр кардаанд, дида мешавад, ки баробари ба замин афтодани ҳавопаймо аз маҳалли ҳодиса оташи бузурге ба осмон боло мешавад.

Ҳодиса пас аз чанд дақиқаи боло шудани ҳавопаймо аз фурудгоҳ ба осмон рух додааст.

Аз 242 одами дохили ҳавопаймо, 230 нафар мусофир ва 12 нафар халабону хидматрасон будаанд.

Дафтари СММ гуфтааст, ба беш аз 2000 гирифтори HIV дар Тоҷикистон кумак кардааст

Тасвире аз рамзи мубориза бо HIV
Тасвире аз рамзи мубориза бо HIV

Дафтари рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар панҷ соли ахир ба беш аз ду ҳазор гирифтори вируси заъфи масунияти бадан ё ВИЧ/СПИД дар ин кишвар кумак кардааст.

Ин созмон дар гузорише рӯзи 10 июн навишт, 53 дарсаде, ки кумаки Дафтари рушди СММ (UNDP)-ро гирифтаанд, занон будаанд.

Як бахши ёриҳои ин созмон ба мубориза бо поймолшавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шахсони олудашуда ба HIV ё ВИЧ будааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки яке аз мушкилоти гирифторони HIV ё ВИЧ ин стигма ё назари манфии шахшуда ба ин гурӯҳи нафарон дар Тоҷикистон аст, ки ба ҳангоми кӯшиши пайдо кардани кор, таҳсил ё ба ҳангоми муроҷиат ба полис рӯбарӯ мешаванд.

Дар Тоҷикистон 15 ҳазору 587 нафар гирифтори HIV ё вируси заъфи масунияти бадан (ВИЧ/СПИД) сабти ном шудааст.

Бори аввал ҳолати олудагии инсон ба ин вирус дар Тоҷикистон 32 сол пеш сабт шудааст.

Ҳунарманди олмонӣ, ки охирин намоишгоҳаш дар Душанбе баргузор шуд, даргузашт

Гюнтер Юккер
Гюнтер Юккер

Гюнтер Юккер, муҷассамасози олмоние, ки зоҳиран охирин намоишгоҳи осору сафари охирини эҷодиаш ҳам дар моҳи май дар Душанбе барпо шуда буд, дар синни 95-солагӣ дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон даргузашт.

Сомонаи бахши русии "Мавҷи Олмон" навишт, ки ҳунарманди маъруф рӯзи 10-уми июн дар як беморхона даргузашт.

Юкерро яке аз наққошони барҷастаи давраи баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Олмон меноманд, чун шеваи эҷодаш ҳам аз дигарон фарқ мекард. Ӯ бо истифода аз меху хоку хокистар ва дигар маҳсулот осори худро меофарид.

Зоҳиран охирин намоишгоҳи осори ӯ дар Душанбе барпо шудааст.

Ифтитоҳи намоишгоҳи Гюнтер Юккер дар Душанбе. 5 маи соли 2025. Акс аз сафорати Тоҷикистон дар Олмон
Ифтитоҳи намоишгоҳи Гюнтер Юккер дар Душанбе. 5 маи соли 2025. Акс аз сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Рӯзи 5-уми май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Арҷгузорӣ ба Ҳофиз" бахшида ба бузургдошти 700-солагии шоири тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ намоиши асарҳои ӯ ифтитоҳ шуда буд. Ин намоишгоҳро қаблан дар шаҳри Шерози Эрон ҳам барпо кардааст.

Аксар асарҳои ӯ бо мех сохта шудаанд.

Юнкерро як наққоши мавзӯъҳои сиёсӣ ҳам меноманд, чун баъди фирораш аз Олмони шӯравӣ ба Олмони федеративӣ дар солҳо 1950-ум тавонист ошкоро мавқеи худро дар бораи ҳаводиси ҷаҳон тавассути эҷод баён кунад. Дар миёни корҳое, ки баъдан анҷом доду барои ифодаи ҳуввияти эҷодии ӯ мусоидат кард, намоишгоҳаш дар мавзӯъҳои садамаи Чернобил ва ҳамлаҳои нажодпарастӣ дар солҳои 1992-уюм будааст.

Боздошти як зан, ки мехост кӯдакашро фурӯшад

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар вилояти Суғд як занро, ки мехост духтарчаи 4-солаашро бифурӯшад, боздошт кардаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд гуфт, ин зан сокини 27-солаи деҳоти Овчӣ-Қалъача мехост, ки духтари хурдсолашро бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд бифурӯшад. Зан ҳангоми ба даст овардани маблағи пешакӣ мувофиқашуда, аз ҷониби милитсияи шаҳри Хуҷанд боздошт шуд.

Кӯдаке, ки модар талоши фурӯхтанашро дошт, фарзанди дуюм аз издивоҷи дуюмаш будааст.

Дар наворе, ки Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нашр кард, зани муттаҳам иқрор мешавад, ки "хато будани корашро намедонист ва касе ҳам ӯро огоҳ ва аз роҳаш бознадоштааст".

Аммо дар чӣ шароит сабт шудани навори иқрори зан ва назари пайвандони ӯ ба ҳодиса маълум нест.

Феълан нисбати ӯ барои хариду фурӯши ноболиғон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Хариду фурӯши ноболиғ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Рӯзи 21-уми октябри соли гузашта милитсияи Суғд сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҷурми кӯдакфурӯшӣ боздошт карда буд.

Ҳамчунин сентябри ҳамон сол як сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт низ барои талоши фурӯши кӯдаки худ боздошт шуд. Мақомот он замон гуфтанд, ки ин зан мехост кӯдакашро бар ивази 15 ҳазор сомонӣ фурӯшад ва ҳангоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ аз ҷониби милитсияи Ашт боздошт гардид.

Эрониён аз сабти номи ҳатмӣ дар Тоҷикистон озод шуданд

Шаҳрвандони Эрон аз сабти номи ҳатмӣ дар Тоҷикистон озод шуданд. Минбаъд шаҳрвандони Эрон метавонанд то 30 рӯз бидуни сабти ном дар Тоҷикистон бимонанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Вазорати корҳои хориҷӣ бо пахши изҳороте гуфт, "дар асоси муомилаи бо мисл", бо қарори ҳукумат аз 29 майи имсол ба қарори қаблии ҳукумат дар бораи қоидаҳои ворид шудан ба кишвар, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Тоҷикистон, тағйирот ворид шуд.

Бар пояи он, ҳамакнун шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳои худ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.

Тоҷикистон ва Эрон моҳи феврали имсол раводид барои шаҳрвандони ҳамдигарро бекор карданд. Аммо сафар бидуни виза бо Эрон танҳо аз тариқи роҳи ҳавоӣ миёни ду кишвар имконпазир аст. Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.

Си Ҷинпин бо раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Остона вомехӯрад

Си Ҷинпин бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Си Ҷинпин бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон қарор аст рӯзи 16-уми июн мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва президенти Чин Си Ҷинпин барпо шавад.

Дар ин бора рӯзи чоршанбе мақомот дар Қазоқистон хабар доданд. Дар ин сафар раҳбари Чин ҳам дар ҷаласаи муштарак бо ҳамкорони минтақавиаш ва ҳам дар вохӯриҳои дуҷониба бо президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунад. Дар ин мулоқот президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок мекунанд. Ин дуюмин ҳамоиши президентони Осиёи Марказӣ ва Чин дар ду соли ахир мешавад. "Ройтерс" менависад, Чин бо Русия барои нуфуз дар ин минтақае бо 80 миллион аҳолӣ рақобат мекунад. Минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи тарҳи стратегии “Як камарбанд – як роҳ” бо Чин ҳамкориҳои густурдае дар бахши иқтисоду нақлиёту боркашонӣ ҳамкорӣ мекунад.

Русия ва Украина ҷасади сарбозони кушташударо иваз карданд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Украина ва Русия ҷасадҳои сарбозони кушташуда дар майдони ҷангро иваз карданд.

Мақомоти ҳарду кишвар рӯзи 11-уми июн тасдиқ карданд, ки Украина 27 ҷасади сарбози русро ба 1212 ҷасади сарбози украинаӣ иваз кардааст.

Табодули асирон ва ҷасади сарбозони кушташуда дар мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 2-юми июн дар Истамбул ба даст омада буд.

Владимир Мединский, раҳбари ҳайати музокиракунанда аз ҷониби Русия ба расонаҳо гуфтааст, ки рӯзи 12-уми июн сарбозони сахт захмӣ аз ду ҷониб табдил хоҳанд шуд.

Русия беш аз се сол боз барои ишғоли Украина зидди ин кишвар ҷанг мекунад. Талошҳо барои сулҳ ҳанӯз натиҷае надодаанд ва Владимир Путин, президенти Русия низ пешниҳоди оташбаси муваққатро рад кардааст.

Дар Париж аз Ҳофизи Шерозӣ ёд мекунанд

Тасвири сохта аз Ҳофизи Шерозӣ
Тасвири сохта аз Ҳофизи Шерозӣ

Дар шаҳри Париж ҳафтаи ҷорӣ ҷашнвораи бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ баргузор мешавад ва дар кори он ҳунармандону донишмандон аз Тоҷикистон ҳам иштирок мекунанд.

Рӯзи 11-уми июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи ҳунарҳои рассомону наққошони тоҷик ифтитоҳ мешавад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри хабару аксҳо дар шабакаи Фейсбук аз ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинӣ хабар додааст. Қарор аст дар доираи ҷашнвораи Ҳофиз барномаи ҳунарии “Шоми шашмақом” бо иштироки ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов ва дастаи рақсии “Гулрез” барпо шавад. Ҳунармандоне, мисли Ситораи Кароматулло, Шоҳрух Юнусов ва Фирдавс Ҳошимов бо оркестри мусиқии Парижи Шарқӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Илон Маск аз Доналд Трамп узр пурсид

Илон Маск
Илон Маск

Илон Маск, миллиардер ва соҳиби шабакаи X аз бархе навиштаҳояш дар шабакаи иҷтимоии зери назараш дар нисбат ба Доналд Трамп, президенти ИМА узрхоҳӣ кард.

Ӯ дар навиштае аз рӯзи 11-уми июн дар саҳифааш дар шабакаи X гуфтааст, ки пушаймон аст ва дар бархе навиштаҳояш “аз ҳад гузарондааст”.

Ҷанҷоли лафзии Маск ва Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ пас аз он оғоз шуд, ки миллиардер аз мақоми раҳбариаш дар идораи муассирияти кори ҳукумат (DOGE) истеъфо дод. Маск тарҳи қонун дар бораи буҷа, ки он тамдиди имтиёз ба андозсупорандагон ва афзоиши қарзи ИМА-ро пешбинӣ мекунад, сахт танқид кард. Трамп ин тарҳро “қонуни бузурги ҷаззоб” номида буд.

Рӯзи 5-уми июн Маск Трампро дар шабакаи X ва Трамп ӯро дар шабакаи Truth Social танқид карданд. Трамп дар навиштае гуфт, ки Маск девона шудааст ва маблағгузории давлатӣ ба бархе тарҳҳои ӯро қатъ мекунад. Маск пешниҳод кард, ки Трамп импичмент, яъне аз вазифаи президентӣ барканор шавад.

Илон Маск, яке аз пуштибонҳои аслии Доналд Трамп дар маъракаи интихоботи президентӣ буд.

Маълум нест, ки то куҷо узрхоҳии Илон Маск ҷанҷол миёни ду чеҳраи таъсиргузор дар Амрикоро камтар мекунад.

Украина ва Русия даҳҳо асирро иваз карданд

Украина ва Русия даври дуюми табодули асиронро анҷом додаанд. Дар ин бора Вазорати дифои Русия ва ҳам президенти Украина Владимир Зеленский хабар додаанд.

Ба гуфтаи Зеленскй, рӯзи 10-уми июн даҳҳо асири украинӣ баргардонда шуданд, ки сахт захмӣ мебошанд. Инҳо сарбозон ва афсарони артиш, Гвардияи миллӣ, Хадамоти сарҳадбонӣ ва Хадамоти махсуси нақлиёт мебошад. “Ҳамаи онҳо ба кумаки фаврии тиббӣ ниёз доранд,”-навиштааст Зеленский.

Раиси ҷумҳури Украина таъкид кардааст, ки табодули асирон бояд давом ёбад. Владимир Зеленский ваъда додааст, ки ҳама корро мекунанд то охирин асирро баргардонанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки гуруҳи дуюми сарбозони рус баргардонда шудаанд. Аммо ду тараф нагуфтаанд, ки дар ин даври табодул чанд асиронро иваз кардаанд.

Рӯзи 9-уми июн Русия ва Украина асирони то 25-соларо иваз карда буданд. Аммо ду тараф шумораи онҳоро фош накарданд. Зеленский хабар додааст, ки иваз кардани асирон рӯзҳои оянда низ идома мекунад.

Тоҷикистон як ширкати эрониро барои чопи "Шоҳнома" даъват кардааст

Муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ дар Душанбе
Муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ дар Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон як ширкати эрониро барои чопи китоби "Шоҳнома" ҷалб кардаанд, аммо номи онро фош намекунанд.

Бар асоси амри раиси ҷумҳур, аз 25 май то 5-уми июн як ҳайате аз Тоҷикистон "ҷиҳати назорати иҷрои шартномаи дуҷониба бо ширкати эронӣ оид ба чопи китоби "Шоҳнома" ба Эрон рафтаанд. Аммо дар ин санад, ки Радиои Озодӣ 11-уми июн бо он шинос шуд, номи ширкати эронӣ ва ҳамчунин шароити созишнома зикр нашудааст.

Охири соли 2023 президент Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки китоби "Шоҳнома" нашр ва ба ҳамаи хонаводаҳои Тоҷикистон тақдим мешавад. Қарор аст шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ бо ҳазорон нусха аз ҳисоби буҷаи кишвар чоп шавад.

Иброҳим Аҳмад, сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг аввали моҳи июни имсол ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, чопи китоби "Шоҳнома" дар нашриёти "Шарқи Озод" шуруъ шуда, "то соли 2026 ба аҳолии Тоҷикистон тақдим мегардад".

Сӯхтор дар як маҳаллаи Душанбе. ВКД гуфт, гунаҳкорро меёбанд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи сӯхтор дар наздикии бозори "Балх"-и Душанбе, се ҳавлӣ ба коми оташ рафтааст. Ҳодиса шаби 9-уми июн рух дода, навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ҳодиса мегӯяд, сӯхтор аз манзили зане сар задааст, ки дар онҷо сехи коркарди ҷуворимакка истифода мешуд. Ба гуфтаи мақомот, алангаи оташ се ҳавлиро фаро гирифт ва оташро баъди як соат хомӯш карданд.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилӣ омадааст, ки се касро аз дохили сӯхтор наҷот додаанд. Аммо мақомот дар бораи хисороти ин ҳодиса шарҳе надодаанд.

"Шахси гунаҳгор, сабаб ва зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад",-гуфтанд мақомот.

Ҳамасола дар пайи сӯхторҳо дар Тоҷикистон чандин кас қурбон ва миллионҳо сомонӣ ба иқтисод зарар мерасад.

Намунаи ахир марги 3 наврас дар шаҳри Ваҳдат аст, ки рӯзи 7-уми июн бар асари сӯхтор дар манзилашон ҷон бохтанд. Мақомот гуфтанд, ин сӯхтор дар пайи беназорат гузоштани шамъ сар задааст.

Ҷасади як наврасро баъди се рӯз аз канали Сталин ёфтаанд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, баъди шаш рӯзи ҷустуҷӯ, ҷасади як писарбаччаи 16-соларо аз об пайдо кардаанд.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ин писари сокини ноҳияи Вахш, 3-юми июн дар канали Сталин, ғарқ шуд.

Мақомот гуфтанд, наҷотдиҳандагон бо қайиқ ва камераҳои зериобӣ ин писарро ҷустуҷӯ карданд.

“Рӯзи 9-уми июн, тахминан 500-550 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса ҷасадро пайдо ва ба пайвандонаш супурданд",-гуфтанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ҳамасола бо фаро расидани гармиҳо, ғарқшавии наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон зиёд сабт мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда борҳо аз волидайн хостааст, фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Таҳқиқот: ФСБ метавонад корбарони Телеграмро назорат кунад

Павел Дуров, бунёдгузори Телеграм
Павел Дуров, бунёдгузори Телеграм

Пойгоҳи "Важные истории" дар таҳқиқоте навиштааст, баъзе коршарикони паёмрасони Телеграм ҳамзамон барои маҷмааҳои хадамоти махсуси Русия хизмат мерасонанд ва ин вазъ амнияти маълумоти корбаронро ба хатар мегузорад. Теъдоди истифодабарандагони Телеграм ахиран аз 1 миллиард гузашт.

Ба гузориши "Важные истории", ширкати Global Network Management (GNM)-ро, ки масъули хизматрасонӣ ба паёмрасони Телеграм аст, Владимир Веденеев роҳбарӣ мекунад.

Пойгоҳ менависад, Веднеев пештар ба ширкатҳои русии "Глобалнет" и "Электронтелеком" робита дошт, ки дархостҳои хадамоти махсуси Русияро иҷро мекарданд. Худи Веденеев аз шарҳи масъала худдорӣ кардааст. Бунёдгузори Телеграм Павел Дуров низ ба таҳқиқот вокуниш накардааст.

"Яке аз сабабҳои асосие, ки миллионҳо нафар сирри худро ба Телеграм бовар мекунанд, тасвири бунёдгузори он Павел Дуров аст, ки барои махфияти маълумоти корбарон мубориза мебарад ва барои ҳамин аз сӯи мақомоти Русия таъқиб мешавад. Аммо воқеият то ҳадде дигар аст,"-менависад Пойгоҳи "Важные истории".

Нашрия бо истинод ба коршиносон навиштааст, протоколи Телеграм ба хадамоти махсуси Русия имкон медиҳад, дастгоҳҳоеро шиносоӣ кунанд, ки бо он корбарон вориди паёмрасон мешаванд.

Павел Дуров аз соли 2014 дар хориҷ аз Русия ба сар мебарад, аммо ба навиштаи "Важные истории" баъди он низ борҳо ба Русия рафтааст. Дуровро моҳи августи соли 2024 дар Фаронса боздошт ва баъдан бо гарав озод карданд.

Павел Дуров ба тақаллуб, ҷиноятҳои сайберӣ (кибернетикӣ), озори лафзӣ дар фазои маҷозӣ, ҷинояткории муташаккилона, пулшӯӣ, ворид кардани як дастгоҳи рамзнигорӣ ва тарғиби терроризму саркашӣ аз пешниҳоди маълумоту санадҳо ба ниҳодҳои ваколатдор муттаҳам мешавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG