Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Словакия Русияро шикаст дод


Сармурабии тими Русия Леонид Слутский
Сармурабии тими Русия Леонид Слутский

Тими Словакия дар даври дувуми мусобиқоти гурӯҳии қаҳрамонии футболи Аврупо, ки дар Фаронса идома дорад, тими Русияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Тӯбҳои Словакияи дар қисми аввали бозӣ Вайсс ва Ҳамшик заданд. Ба Глушаков танҳо дар дақиқаи 80 муяссар шуд, ки як тӯби ҷавобӣ бизанад. Ин бозӣ бидуни кадом рӯёрӯии байни мухлисон гузашт. Бозии аввали тими Русия бо Англияро занозании пурхушунати мухлисонаш бо мухлисони англис ҳамроҳӣ мекард. УЕФА дар пай Русияро ҳушдор дод, ки дар сурати такрори чунин рафтори мухлисонаш аз Евро-2016 берунаш хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG