Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия баъди расидани кӯмак Дараяро бомбаборон кард


Амрико ва Фаронса ҳукумати Сурияро дар он айбдор мекунанд, ки Дараяро баъди расидани ёриҳои башардӯстона ба мардуми ин шаҳр бомбаборон намудааст.

Бори нахуст дар чанд сол ба сокинони шаҳри муҳосирашудаи Дарая шоми 9 июн кӯмаки ғизоӣ расонида шуд. Ба гуфтаи сокинон ва нозирон, нерӯҳои ҳукумати Сурия алакай субҳи 10 июн бомбаборон кардани ин минтақаро оғоз кардаанд, ки барои тақсими кӯмак монеа эҷод шудааст.

Корвони мошинҳои кӯмак ба Дарая дар асоси созишномаи СММ бо ҳукумати Сурия, ки иҷоза дод, аз 19 ноҳияи муҳосирашуда дар қаламрави ин кишвар ба 15 тоаш ёрӣ расонида шавад, сафарбар гардид.

Марк Тонер, намояндаи Департаменти давлатии ИМА изҳор дошт, ки ин гуна зарбаҳо дар ҳеч шароит қобили қабул нестанд, аммо дар ин вазъият онҳо монеи расидани кӯмаке шуданд, ки сокинон ба он сахт ниёз доштанд.

Жан-Марк Эйро, вазири корҳои хориҷии Фаронса Димишқро ба дуруягӣ айбдор карда, гуфт, режими Асад дар пайи фишорҳои байналмилалӣ билоахира барои кумаки ниёзмандон иҷоза дод, вале боз бомбаборон карданро аз сар гирифт.

XS
SM
MD
LG