Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш корманди полиси афғон дар Нангарҳор


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ситезаҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар шарқи кишвар шаш корманди полисро куштанд. Ҳамлаи онҳо ба бинои ҳукумати ноҳияи Ҳаска Минои вилояти Нангарҳор субҳи барвақти 11 июн сурат гирифт.

Ба гуфтаи мансабдорони маҳаллӣ, дар задухӯрди миёни кормадони пулис ва ҳамлагарон 15 нафар аз ситезаҷӯён ба ҳалокат расида, ҳафт нафари дигарашон захмӣ шуданд.

Моҳҳои ахир нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон бо мусоидати ҳавопаймои ҷангӣ дар набард бо ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки гуфта мешавад, аксарашон мусаллаҳони собиқи ҷунбиши “Толибон”-анд, дастболо буданд.

XS
SM
MD
LG