Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои зидди Отамбоев имрӯз баррасӣ мешавад


Имрӯз дар додгоҳи ноҳиявии Первомайи Бишкеки Қирғизистон муҳокимаи додгоҳӣ аз рӯи даъвои ҳифзи шарафу номус ва эътибори кории ҳомиёни ҳуқуқ Азиза Абдирасулова ва Толекан Исмоилова шуруъ мешавад. Дар ин бора ҳаракати ҳифзи ҳуқуқи "Бир Дуйно - Қирғизистон" хабар медиҳад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бояд расман бахшиш пурсад ва ҳарфҳоеро, ки нисбати онҳо гуфта буд, рад кунад. Зарари маънавии ин даъво, тавре пештар хабар дода шуда буд, дар ҳаҷми 2 миллион сом (муодили тақрибан 200 ҳазор сомонӣ) муқаррар шудааст.

Ёдрас мешавем, миёнаҳои моҳи май роҳбарони созмони иҷтимоии "Порлумони мардумӣ" бо айби омодагӣ ба ғасби ҳукумат бо роҳи зурӣ боздошт шуданд. Дар ҷаласае, ки "Порлумони мардумӣ" 12 май ташкил карда буд, ҳомиёни ҳуқуқ Азиза Абдирасулова ва Толекан Исмоилова низ ширкат доштанд.

14 май дар чорабинии бахшида ба Рӯзи модар президенти ин кишвар гуфт, аъзои "Порлумони мардумӣ" мехоҳанд бо ҳар қимате кишварро ноором, бесубот кунанд. Президент дар он чорабинӣ ҳомиёни ҳуқуқро "ҳалолхӯрони грантҳои хориҷӣ" номид.

Баъди ин ҳомиёни ҳуқуқ ба унвонии президент нома ирсол карда, аз вай хостанд, бахшиш пурсад. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин гуфтанд, танҳо ҷаласаи "Порлумони мардумӣ"-ро назорат кардаанд.

XS
SM
MD
LG