Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев: Тарабхонаҳо дар Рамазон ҳам кор кунанд


Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев рӯзи 6 июн дар як ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ бо ҳузури намояндагони мақомот, аҳзоб ва ҷомиа, аз ҷумла фаъолони Фейсбук масоили мухталифе, чун тайёрӣ ба зимистон, роҳ надодан ба рекламаи носолиму бардурўғ дар таблиғи молу маҳсулот ва “пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ”-ро ба баррасӣ кашидааст. Бино ба гузориши сомонаи расмии шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон, Убайдуллоев аз ҷумла “роҳбарони меҳмонахонаю тарабхонаҳо, марказхои савдою тиҷоратӣ ва сохторҳои хизматрасонии тамоми соҳаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдоштаро муваззаф намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон бе тағйири реҷаи кории амалкунанда дар сатҳи баланд фаъолият намоянд ва мақомоти марбутаи назоратӣ дар ин самт вазифаҳои хизматиашонро тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монанд.” Дар моҳи Рамазон ба далели рӯзадор будани аксари мардум бахши аъзами тарабхонаҳову ошхонаҳои Душанбе барои як моҳ кор намекунанд. Ҳамин тавр, дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ ба зарурати “пурзӯр намудани назорати риояи регламенти шаҳр оиди то соати 23 фаъолият кардани марказҳои маишиву хизматрасонӣ” таъкид шудааст.

XS
SM
MD
LG