Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони Исомиддин Сатторов барои ... 5 000 рубл


Додгоҳи ноҳияи Колпинои шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 6 июн як шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми талоши додани пора ба 1 солу ду моҳи зиндон ва 50 000 рубл ҷарима маҳкум кард. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи додситонии Петербург, Исомиддин Сатторов ба хотири халосӣ аз ихроҷи ногузираш аз қаламрави Русия ба корманди ФМС дар ҷои кораш 5 000 рубл ришва пешниҳод кардааст. Маъмурони ФМС Сатторовро бо патенти қалбакӣ дастгир карда буданд. Додгоҳ ӯро бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ – додани пора ба нафари мансабдор ва истифодаи асноди қалбакӣ – гунаҳкор шинохт. Баъди адои ҳукми зиндон Исомиддин Сатторовро аз қаламрави Русия ихроҷ ҳам хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG