Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду гаравгон аз сӯи Толибон


Мақомоти вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толибон ду тан аз гаравонгонҳоеро, ки дар ин ҳафта аз як корвони автобусҳо рабуданд, ба қатл расондаанд. Ҳиҷратуллоҳ Акбарӣ, сухангӯи пулиси Қундуз рӯзи 2 июн гуфт, ки ҷасадҳои ду гаравгони кушташударо рӯзе пеш аз канори роҳ ёфтаанд. Ба гуфтаи Акбарӣ, нирӯҳои амниятӣ ба хотири наҷоти 7 гаравгони дигар амалиётеро ба роҳ андохтаанд. Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 31 май дар ҷараёни як шабехун ба корвони автобусҳо дар шоҳроҳи Қундуз дастикам 13 нафарро кушта ва чандин нафарро ба асорат гирифтанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта, гуфт, ҳадафаш мақомоти амниятӣ буд. Ҷангҷӯёни Толибон, ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷанганд, пайваста мошинҳои мусофиркашро бо ҳадафи пайдо кардани аъзои ҳукумат, нирӯҳои амниятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар роҳ манъ мекунанд.

XS
SM
MD
LG