Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина низоми додгоҳиашро ислоҳ мекунад


Петро Порошенко баъди тасвиби бастаи ислоҳот
Петро Порошенко баъди тасвиби бастаи ислоҳот

Парлумони Украина бастаи ислоҳоти низоми додгоҳиро, ки дар Ғарб барои мубориза бо фасод зарур мешуморанд, тасвиб кард. Ин ислоҳот таъсироти беруна ба таъини қозиён ва ҳам аз муҷозот дур мондани додрасҳо дар сурати сӯиистифода аз мақомро м аҳдуд мекунад. Аз байн бурдани фарҳанги ришвадиҳии роиҷ дар низоми додгоҳии Украина яке аз мониаҳои асосӣ дар роҳи дарёфти кумаки 17,5-миллиарддолларии Сандуқи байналмилалии пул буд. Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ба парлумон гуфт, “ислоҳоти заруртаре аз ислоҳоти низоми додгоҳӣ нест.” Порошенко гуфт, 40 дарсади додрасҳои Украина ҷавобгӯи меъёрҳои нав нестанд.

XS
SM
MD
LG