Дар ҳамаи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон якнафарӣ масъули назорати риояи ҳуқуқи инсон таъин хоҳанд шуд.
Музаффар Ашӯриён, муовини аввали раиси дастгоҳи иҷроияи президент, рӯзи 30 май дар як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, ин барнома ба хотири “таъмини бештари ҳуқуқи инсон” рӯи даст гирифта шудааст. “Ин афрод назорат хоҳанд кард, ки ҳаққи одамон нақз нашавад,” - афзуд ӯ.
Ҳамоиши даҳуми “Муколамаи миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон” дар робита ба ҳуқуқи инсон аз сӯи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо рӯзи 30 май оғоз ёфт. Масъулони САҲА мегӯянд, дар ин муколама, инчунин, тамоми тавсияҳои додаашро ба ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард, ки кадоме аз онҳо мавриди иҷро қарор гирифтаанду кадоме – на.