Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф дар Лондон ҷарроҳӣ мешавад


Нахуствазири Покистон Навоз Шариф ҳафтаи оянда мавриди ҷарроҳии дил қарор мегирад. Духтари нахуствазир рӯзи шанбе хабар дод, ки падараш рӯзи 31 май дар Лондон ҷарроҳӣ хоҳад шуд. "Мо барои ӯ дуо мекунем ва дуо худ табобати босамару нерӯманд аст", навиштааст Марям Навоз дар саҳифааш дар Твиттер.

Навоз Шариф ду моҳ пеш ҳам барои ташхис ба Лондон рафта буд ва ҳафтаи гузашта дар яке аз бемористонҳои ин шаҳр бистарӣ шуд. Агар амалиёти ҷарроҳӣ муваффақ анҷом шавад, Навоз Шариф тақрибан боз як ҳафта зери назорати табибони бритониёвӣ хоҳад монд, гуфтаанд пайвандони нахуствазир.

XS
SM
MD
LG