Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Президент дар бораи қолибофӣ низ китоб навишт

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, китоби навашро дар бораи қолибофӣ навиштааст. Бино ба иттилои "Хроника Туркменистана", Бердимуҳаммадов рӯзи 24 май китоби навро ба аъзои ҳукуматаш тақдим кардааст.

"Заҳмати нави раисиҷумҳури Туркманистон барои равшанфикрон, олимон, файласуфон ва шахсоне, ки ба мероси фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ доранд, муфид хоҳад буд", - таъкид шудааст дар маросими тақдимкунии китоб.

Ин чаҳорумин китоби президенти Туркманистон дар давоми соли равон аст. Қаблан низ Бердимуҳаммадов китобҳои “Сарчашмаи хирад”, “Чой-дору ва илҳом” ва “Суръати баланди асп”-ро навишта, ба вазиронаш тақдим карда буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Русия ба Украина зарбаи сахт заданист

Нерӯҳои Русия дар Донетск

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина мегӯяд, нерӯҳои Русия ҳамлаҳо дар самти шаҳрҳои Авдеевка ва Бахмути вилояти Донетскро бо ҳадафи зарбаи сахт ба сарбозони ин кишвар идома медиҳанд.

9-уми август, нерӯҳои Украина, бо ҳамлаи ҷавоби русҳоро дар шаҳрҳои Ивано-Дариивка, Бахмут ва Зайтсев ба ақиб гардонданд. Ба ин тартиб, ҳамла ба Авдеевка ва Красноҳоривка хунсо карда шудааст.

То ҳанӯз назари манбаҳои мустақил дар ин бора нашр нашудааст.

Дар ин байн, нигаронииҳои байналмилалӣ аз бомбаборони бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо, Запорожия, зиёд садо медиҳад.

Раиси оҷонсии нерӯи ҳастаии Украина пешниҳод кардааст, ки минтақаи гирду атрофи нерӯгоҳи ҳастаии Запорожия минтақаи озод аз силоҳ эълон карда шавад. Намояндаи мақомоти рӯ ба Маскави Запорожия рӯзи 8-уми август ба хабаргузориҳои Русия иттилоъ дод, ки нерӯгоҳи ҳастаӣ дар режими маъмулӣ кор мекунад.

Русия 13 гумонбарро ба Тоҷикистон истирдод кардааст

Бинои Додситонии кулли Русия

Додситонии кулли Русия 13 фарди гумонбар дар ҷиноятро ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба маркази матбуоти Додситонӣ хабар додааст. Онҳоро мақомоти Русия боздошт ва барои адои ҷазо ба ниҳодҳои масъули Тоҷикистон супурдаанд.

Яке аз истирдодшудаҳо Зафар Қурбоналиев будааст, ки дар дузддии маблағ бо ҳаҷми калон гумонбар дониста мешавад. Ба иттилои Додситонии Русия, Қурбоналиев аз 25 уми феврал то 4-уми майи соли 2021 замони фаъолият ба ҳайси сардори маркази хизматрасонии “Тавҳидбонк” 1 миллион сомонӣ ва қариб 90 ҳазор долларро дуздидааст.

Охири моҳи гузашта Додситони кулли Русия Игор Краснов дар Душанбе бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон мулоқот дошт.

Дар Душанбе Додситони кулли Русияву Тоҷикистон барномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти муборизаи муштарак алайҳи ҷинояткорӣ ва таҳдидҳое мисли тероризму ифротгароиро имзо кардаанд.

Гирифторони коронавирус дар Русия бештар шудааст

Пизишкони рус ҳангоми кор

Дар Русия дар як рӯз, 17 ҳазор 862 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст ва 45 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Дар ин бора Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

Ба иттилои мақомоти ин кишвар дар як рӯз беш аз 1250 нафар бо нишонаҳои ин беморӣ бистарӣ карда шудааст. Дар муқоиса бо як ҳафтаи пеш шумори сироятёбӣ дар ин кишвар қариб 60 дар сад зиёд шудааст.

Раҳбари ширкати сохтмонӣ пас аз марги муҳоҷири тоҷик боздошт шуд

Идораи пулис дар минтақаи Люблинои Маскав

Мақомоти Русия раҳбари як ширкати сохтмониро дар Маскав барои марги се муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон, боздошт кардаанд.

Ҷавони 21-солаи тоҷик, ҳамроҳ бо ду муҳоҷири дигар аз Қирғизистон, рӯзи 7-уми август ҳангоми анҷом додани корҳои таъмирӣ дар як чоҳи канализатсионӣ, воқеъ дар кӯчаи Краснодарскаяи минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ба ҳалокат расид.

Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки ҳодисаи марги се муҳоҷирро таҳқиқ доранд ва раҳбари 38-солаи ширкати сохтмониро боздошт кардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба хонаводаи ҷавони тоҷик изҳорӣ ҳамдардӣ кардааст. Сафорат дар сомонаи расмии худ навиштааст, ки барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида омодааст.

Ҳодиса 7-уми август дар минтақаи Люблино вақте рух дод, ки 13 коргар ҳангоми анҷоми корҳои таъмирӣ дар як чоҳи канализатсионӣ ҳангоми сахт боридани борон ба даруни он афтодаанд. 6 нафари онҳо тавонистаанд мустақилона берун шаванд, вале 4 нафари дигарро наҷотбахшон, ки ба ҷои ҳодиса омада буданд, берун кашиданд.

Ҷасади се муҳоҷирро, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон ва як нафар аз Тоҷикистон буданд, рузи 8-уми август пайдо карданд.

Дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав, ки бозорҳои бузургтарини ин шаҳр дар ҳамин минтақа ҷойгир шудаанд, шумори зиёди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, низ кор мекунанд.

Имдодгарон писарбачаеро, ки мехост худро аз баландошёна ба зер афканад, наҷот доданд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон писарбачаеро, ки мехост худро аз ошёнаи чорум худро ба зер афканад, наҷот доданд. Ин кумита хабар додааст, ки ҳодиса рӯзи душанбе дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, дастаи наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса фиристода шуда, бо истифода аз тирезаи ҳамсояҳо писарбачаро наҷот доданд. Маълум шудааст, ки волидони ин писараки 8-сола, ӯро дар хона танҳо мондаанд ва чун аз хоб бедор шудааст, дарро баста дидаву худро танҳо ёфта, тарсидааст. Ва хостаст аз тиреза худро ба поён ҳаво диҳад.

Писарбачаро ба кормандони милитсия супурданд ва онҳо ҳоло сабабҳои ин ҳодисаро, муайян мекунанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба волидон муроҷиат кардааст, ки фарзандони ноболиғи худро ҳаргиз дар хона танҳо намонанд.

Писари дувуми Толиб Айёмбеков ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст

Толиб Айёмбеков.

Ҳасаналӣ Абдураҳмонов, писари дуюми Толиб Аёмбеков, фармондеҳи собиқ ва аз афроди бонуфуз дар Бадахшон, ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст. Мақомот ҳукми писари Аёмбековро ҳанӯз шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-сола ба авбошӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, ҳамчунин ба узвият дар гуруҳи ҷиноятӣ, гунаҳкор дониста шудааст. Ҳасаналӣ Абдураҳмонов ҳамроҳ бародари калониаш Ғуломалӣ рӯзи 23-юми июл дастгир шуда буд. Ӯ дар додгоҳ иттиҳоми эълоншударо қабул накардааст.

Дастикам ду манбаии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳи ВМКБ рӯзи 5 августи соли 2022 Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писари калонии Толиб Аёмбековро ҳамроҳ бо Хайримамад Дӯстмамадов ва Аслан Гулобов, сокинони шаҳри Хоруғ ба ҳабси умрбод маҳкум кардааст.

Худи Толиб Айёмбеков рӯзи 11-уми июни имсол дар Хоруғ дастгир шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯро ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва барангехтани кинаву адоват гумонбар донистааст. Аз он замон то ҳоло назари наздиконаш маълум нест.

ИМА ҳамчун кӯмак ба буҷаи Украина $4,5 млрд ҷудо мекунад

ИМА ба ҳукумати Украина дар ҳаҷми 4,5 млрд доллар кӯмаки молӣ мерасонад, ки ин кӯмак ба пӯшонидани харҷи буҷа, аз ҷумла пардохти барқу гармии беморхонаву мактабҳо ва музди меҳнатӣ пизишкон, омӯзгорон ва дигар ходимони шаҳрвандӣ сарф мешавад.

Дар ин бора дар сомонаи Оҷонси ИМА дар умури рушди байналхалқӣ хабар дода шудааст.

Нахустин интиқол дар ҳаҷми 3 млрд доллар дар давоми моҳи август сурат мегирад.

Кӯмаки нави молӣ ба Украина дар ҳолест, ки ҷанг моҳи шашум аст давом дорад, миллионҳо украинӣ маҷбур ба тарки хонаҳояшон шудаанд ва ҳукумат аз норасоии газ дар фасли зимистон ҳушдор медиҳад. Бино ба баҳогузории Бонки ҷаҳонӣ, 55 дарсади украинҳо ба далели ҷанг то соли 2023 камбизоат хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки то оғози ҷанг ҳамагӣ 2,5 дарсади украинҳо камбизоат буданд.

Пештар аз ин ИМА барои буҷаи Украина, дар моҳи июл 1,7 млрд ва дар моҳи июн 1,3 млрд доллар кӯмак карда буд. Вашингтон ҳамчунин дар ҳаҷми миллиардҳо доллар ба Украина кӯмаки низомӣ мерасонад. Рӯзи душанбе вазорати молияи ИМА хабар дод, ки дар ҳаҷми 1 млрд доллар ба Украина аслиҳа мефиристад.

Туркия дар Украина корхонаи истеҳсоли "Байрактар" месозад

Ширкати туркии Baykar дар ҳудуди Украина корхонаи истеҳсоли бесарнишинҳои зарбазани "Байрактар" месозад. Дар ин бора сафири Украина дар Туркия Василий Боднар хабар дод. Ин дипломат гуфт, ки Baykar ширкат таъсис дода ва қитъаи замин низ барои сохтмони корхона дарёфт кардааст.

Сафир илова кард, ширкатҳои украиние, ки муҳаррик, чарх ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунанд, ба истеҳсоли "Байрактар"-ҳо ҷалб мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки пештар аз ин Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия гуфт, ҳамтои русаш Владимир Путин хоҳони ҳамкорӣ бо ширкати Baykar аст. Дертар дар саноати мудофиаи Туркия гуфтанд, масъалаи эҳтимоли ҳамкорӣ бо Русияро баррасӣ намекунанд.

Рӯзи 18 июл мудири иҷроияи Baykar Халук Байрактар дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки Украинаро дар муборизааш барои истиқлолу тамомияти арзӣ ҳимоят мекунад ва иҷоза намедиҳад, ки бесарнишинҳо ба Русия фурӯхта шаванд.

Бесарнишинҳои истеҳсоли Туркия аз соли 2021 дар артиши Украина истифода мешаванд. Баъди оғози ҷанги Русия зидди Украина ирсоли бесарнишинҳои туркӣ ба Украина боиси эътирози Русия шуд. Дар ниҳоят Туркия фурӯши "Байрактар"-ҳоро ба Киев махфӣ кард.

Шарики тиҷорӣ ва мудири техникии ширкати Baykar - Салчуқ Байрактар - домоди Раҷаб Эрдуғон аст.

Кӯдаки қирғиз дар марз бо Тоҷикистон захмӣ шуд

Вилояти Боканди Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Як кӯдаки 8 сола дар Бодканти Қирғизистон аз тири силоҳи марзбоне захмӣ шудааст.

Ҳодиса рӯзи 7-уми август дар деҳаи Мин-Орук, дар марз бо Тоҷикистон рух додааст. Мақомоти ҳукумати ин ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, кӯдаки захмӣ ҳоло дар шӯъбаи эҳёи вилояти Бодканд таҳти назорати пизишкон аст. Вазъи сиҳатии ӯ қаноатбахш гуфта мешавад.

Қаблан мақомот гуфтанд, ҳодиса дар пайи он сар задааст, ки яке аз марзбонҳо бо хоҳиши сокини 19-солаи ин минтақа силоҳашро ба ӯ медиҳад, то бубинаду ба даст бигирад. Дар натиҷа, тасодуфан аз силоҳ тир холӣ мешавад ва ба кӯдаке мерасад.

Баъдан ин фарзия рад шуд ва Хадамоти марзбонии Кумитаи амниятӣ миллии Қирғизистон гуфт, тирро худи корманди ҳарбӣ тасодуфан холӣ кардааст. Қазияро додситонии ҳарбӣ ва мақомоти интизомии ин кишвар таҳқиқ доранд.

Садои тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сокинонро нигарон кардааст

Чоркӯҳ, дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷойгир аст.

Бархе аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мегӯянд, соати 10-и шаби гузашта тиркушоии давомдори нерӯҳои сарҳадии Қриғизистон дар баландии “Қуммазор”, мавзеи табобатӣ онҳоро нигарон кардааст.

То кунун сабаби аслии тиркушоӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон шарҳ дода нашудааст.

Як намояндаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара рӯзи 8-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин тиркушоӣ ҳеҷ кас зарар надидааст, вале интизоранд, ки мақомоти Қирғизистон сабаби тиркушоиро шарҳ диҳанд. “Сарҳадбонҳои қирғиз тақрибан панҷ дақиқа тир заданд. Ин вазъ ҳар сол бо шуруи омадани мардум ба мавзеъи табобатии “Қумазор” такрор мешавад. Онҳо мегӯянд, ки ин мавзеи баҳсӣ аст ва то замони дақиқ шуданаш ҳеҷ кас набояд ба ин ҷо биёяд,”—гуфт, ин намояндаи ҷамоат.

Садҳо нафар сокинон дар тобистон барои истироҳату табобат ба “Қумазор”, ки регу оби табобатӣ дорад, меоянд.

Аҳмадҷон Сафаров, як сокини ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, пас аз ҳодисаи оташкушоии сарҳадбонҳои қирғиз мардум дигар ба “Қуммазор” намераванд. “Соли гузашта ҳам дар ҳамин вақт сарҳадбонҳои қирғиз тирзанӣ карда буданд. Мо фикр кардем, ки мақомоти Тоҷикистону Қриғизистон ин масъаларо ҳал карданд, вале боз сар зад. Мо аз амнияти фарзандонамон дар ташвишем,”—гуфт ӯ.

Дар моҳи марти соли равон дар мавзеи “Дусанга”, ки қирғизҳо онро “Иккиташ” ном мебаранд, тирпарронӣ рух дода буд. Ин макон наздик “Қуммазор” аст. Мақомот гуфта буданд, ки он вақт тирпаронӣ ду соат давом карда буд.

Дар моҳи июли соли гузашта низ, тақрибан соати 10-и субҳ, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар мавзеи “Қуммазор” садои тирпаронӣ баланд шуд. Инҷо низоъ миёни шаҳрвандони ду кишвар рух дод, ки ба он низомиён низ кашида шуданд. Дар рафти тирпарониҳои дутарафа, мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, се низомӣ– ду марзбони қирғиз ва як марзбони тоҷик ҷароҳат бардошта буданд.

Аксари хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ нашудааст. Дар ин нуқтаҳои баҳсӣ зуд-зуд низоъ сар мезананд.

Ғолибони Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба теннис муайян шуданд

Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи XII байналмилалии теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 1-6-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, теннисбозон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Узбекистон ва Шведсия иштирок карданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки аз соли 2005 доир мегардад, соли 2021 ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид шуд.

Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсола писарону духтарон дар майдони тенниси Душанбе дар рақобатҳои инфиродӣ ва ҷуфтӣ ширкат варзиданд.

Аз рӯи натиҷагирии панҷ рӯзи рақобатҳо дар сабқати инфиродӣ миёни писарон ду ҷои аввалро теннисбозони тоҷик соҳиб шуданд. Сомон Амонов бо медали тилло ва Фарҳод Ғайратзода бо медали нуқра сарфароз гаштанд. Ҷои сеюмро Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар аз Покистон азони худ кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни духтарон ду ҷои аввал насиби теннисбозон аз Қазоқистон шуд. Данаия Амангажиева мақоми аввал ва София Сафиулина мақоми дуюмро касб карданд. Теннисбози тоҷик Аниса Яҳёева сеюм шуд.

Дар сабқати ҷуфти писарон Сомон Амонов (Тоҷикистон) ва Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар (Покистон) пирӯз гардиданд. Медали нуқра ба ҷуфти Қосим Аҳмадҷон / Фарҳод Ғайратзода (ҳарду аз Тоҷикистон) супурда шуд.

Дар сабқати духтарон Данаия Амангажиева ва София Сафиулина (ҳарду аз Қазоқистон) ғолиб омаданд. Онҳо дар финал бар ҷуфти Ёсуман Салимова / Сумая Тухтаева (ҳарду аз Тоҷикистон) пирӯзӣ ба даст оварданд.

Додгоҳ се сокини Хоруғро ба ҳукми абад маҳкум кард

Даромадгоҳи шаҳри Хоруғ

Додгоҳи вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон се сокини шаҳри Хоруғро бо иттиҳоми даст доштан дар қатли раҳбари КДАМ дар ин вилоят, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Додгоҳ Ғуломалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков, Хайримамад Дӯстмамадов ва Аслан Гулобов, сокинони шаҳри Хоруғро дар даст доштан дар қатли Абдулло Назаров, раиси КДАМ дар Бадахшон, дар соли 2012 муҷрим шинохтааст.

Ду манбаъ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ ҳукмро рӯзи 5-уми август содир кардааст ва ҳарсеи онҳо бо чор моддаи Кодекси ҷиноӣ, “куштори одам”, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ”, “гаравгонгирӣ” ва “авбошӣ” айбдор дониста шудаанд. Мақомоти расмӣ дар бораи ин мурофиа хабар надодаанд.

Додгоҳ дар бораи ҷинояте ҳукм баровард, ки даҳ сол пеш, 21 июли соли 2012, рух дода, сабаби як амалиёти ҳарбӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 9 сол пеш Оқил Айёмбеков, Ҳамза Муродов, ронандаи Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони пешини мухолифон дар Бадахшонро дар куштори генерал Абдулло Назаров, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии ин вилоят гунаҳкор дониста, онҳоро ба 17 ва 16 соли ҳабс дар зиндони низомаш сангин ва ҳам мусодираи амвол маҳкум кард.

Худи Толиб Аёмбеков борҳо дар матбуот даст доштанаш дар куштори Абдулло Назаровро рад карда буд. Ӯро рӯзи 11-уми июни соли равон мақомот ҳамроҳ бо Шанбиев Мунаввар ва Гулобов Ниёзшо, ки аз сарони гуруҳҳои ҷиноӣ номида шудаанд, ба ҳабс гирифтаанд. Иттиҳоми онҳо ҳанӯз эълон нашудааст.

Дар моҳи май ва июн мақомот дар пайи як амалиёти низомӣ садҳо нафар аз сокинони вилояти Бадахшонро боздошт карданд. Боздоштҳо пас аз он оғоз шуд, ки рӯзи 16-уми май сокинони Хоруғ барои адолатхоҳӣ эътироз карданд ва сокинони ноҳияи Рӯшон роҳи корвони низомиро, ки барои пахши тазоҳурот мерафт, бастанд. Мақомот эълон карданд, ки эътирозгарон ба кормандони ниҳодҳои интизомӣ ҳамла кардаанд. Сокинон инро дурӯғ медонанд. Дар амалиёти мақомот наздик ба 40 нафар кушта шуд. Мақомот онҳоро узви “гурӯҳи ҷиноятӣ” медонанд, вале сокинон мегӯянд, онҳо гуноҳе надоштанд.

Даъвати навбатии Толибон аз Тоҷикистону Узбекистон дар бораи чархболҳо

14 сентябри соли 2021, фурудгоҳи Кобул. Парки харобшудаи чархболҳои нирӯҳои ҳавоии Афғонистон

Вазорати дифои Толибон бори дигар аз Тоҷикистону Узбекистон хост, ки чархболҳоеро баргардонанд, ки моҳи августи соли 2021 ба ин ду кишвар бурда шуда буданд.

Иноятулло Хоразмӣ, намояндаи вазорати мудофиаи ҳукумати Толибон гуфт, Кобул чархболҳои рабудашударо ба зудӣ ба даст меорад. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон рӯзи 8 август иттилоъ доданд.

"Чархболҳо моли мардуми Афғонистон ҳастанд. Онҳо бояд ба ҳукумати кунунӣ баргардонида шаванд", - афзуд Хоразмӣ.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарони афғонистонӣ мегӯянд, то замоне, ки ҳукумати Толибон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нашавад, баргардонии чархболҳо имкон надорад.

Низомиҳои афғонистонӣ бо ин чархболҳо моҳи августи соли 2021 замоне фирор карданд, ки ҷангҷӯёни "Толибон" Кобулро ғасб карданд.

Моҳи январи соли ҷорӣ низ "Толибон" аз Тоҷикистону Узбекистон хоста буданд, чархболҳоро баргардонанд.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, чархболҳоро ба мақомоти Амрико бармегардонанд. Моҳи июн Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи ИМА зимни сӯҳбат бо журналистон дар Тоҷикистон гуфт, "бо ин ки Толибон чандин бор таҳдид ва талаб карданд, ки ин ҳавопаймоҳо баргардонида шаванд, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда намешаванд, чунки онҳо моли Толибон нестанд". Ӯ тахмин кард, ки шояд "ҳама ваё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дода шаванд. Ман намедонам, ки ин кор кай сурат мегирад, вале мо дар ин самт кор мекунем", гуфт генерали амрикоӣ.

Дэниел Розенблюм сафири ИМА дар Қазоқистон таъйин шуд

Сенати Амрико номзадии Дэниел Розенблюмро ба ҳайси сафири ИМА дар Қазоқистон тасдиқ кард.

Розенблюм аз соли 2019 сафири ИМА дар Узбекистон буд. Акнун Ҷонатан Хеник сафири ИМА дар Узбекистон таъйин шудааст.

То замони сафирӣ Розенблюм муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ буд.

Розенблюм хатмкардаи Донишгоҳи Йел буда, дар бахши иқтисоди байналхалқӣ кори илмӣ анҷом додааст.

Даъвати СММ ба роҳёбии муфаттишони байналмилалӣ ба корхонаи атомии Запорожйе

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш рӯзи 8-уми август даъват кард, ки муфаттишони байналмилалӣ барои ошноӣ бо вазъи коргоҳи ҳастаии Запрожйе иҷоза дода шаванд. Ин даъват баъди он садо дод, ки Украинаву Русия ҳамдигарро дар гулӯлаборони истгоҳи атомии азимтарини воқеъ дар хоки Украина гунаҳгор карданд.

Гутерреш, ки дар як нишасти хабарӣ дар Ҷопон сӯҳбат мекард, гуфт, «ҳама гуна ҳамла ба корхонаи атомӣ амали худкушода аст». Гутерреш бо ҳадафи ширкат дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи атомӣ ба шаҳри Ҳирошима дар ҳодисаҳои 77 соли пеш ба Чопон сафар кард.

Президенти Украина Владимир Зеленский Русияро дар роҳандозии «террори ҳастаӣ» гунаҳгор ва аз ҷомеаи байналмилалӣ талаб кард, ки таҳримҳои сангинтару бештаре нисбати Русия ҷорӣ кунанд. Истгоҳи атомӣ баъди ишғоли Мариуполи воқеъ дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ таҳти назорати русҳо қарор дорад.

Афсари тоҷиктабори Русия баъди бозгашт аз Украина дар садамае ҳалок шуд

Акс аз навори садама, ки онро корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд.

Афсари тоҷиктабори артиши Русия, ки аз ҷанги Украина баргашта буд, дар садамае ҳамроҳ бо холааш дар вилояти Иркутск ба ҳалокат расидаанд.

Мошине, ки Меҳрубон Амонови 22‑сола, зодаи шаҳри Конибодоми Вилояти Суғд савор буд, дар роҳи Усол‑Сибири вилояти Иркутск рӯзи 6‑уми август ба мошини дигар бархӯрдааст.

Меҳрубон ва Нигина Шароповаи 44­-сола, холаи ӯ, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд ва писархолааш бо ҷароҳат дар беморхона бистарӣ шудааст. Наздикони ин хонавода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Меҳрубон аз оғози ҷанг дар Украина қарор дошт ва ӯро барои дидорбинии пайвандонаш рухсатӣ дода буданд. Онҳо гуфтанд, ки Меҳрубон дар ҷанги хатарнок зинда монд, вале бо беэҳтиётии як ронанда дар макони амн ҳалок шуд.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск, бо тасдиқи ин хабар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия барои интиқоли ҷасадҳо ба ватан омодагӣ мебинанд.

“Ин як ҳодисаи нохуш аст, ки мо тоҷиконро ғамгин кард. Барои ба ватан фиристодан бо кумаки консулгарӣ омодагӣ дорем,”—гуфт ӯ.

Пайвандонашон гуфтанд, ки онҳо шаҳрванди Русия буданд ва солҳо дар ин кишвар зиндагӣ мекарданд.

Дар ҷанги Русия бо Украина садҳо зодаи Тоҷикистон ширкат мекунад. Исми наздик ба 20 нафари онҳо, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд, расонаӣ шудааст.

Мақомоти Украина ҳам санадҳоеро нашр кардаанд, ки ширкати садҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанг бо ин кишварро тасдиқ мекунад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, онҳо шаҳрвандони Русия ҳастанд ва бо даъвати ин кишвар ба артиш рафтаанд.

Марги се узви “Таҳрики Толибони Покистон” дар Афғонистон

Хиёбоне дар Пактико

Дар ҷанубушарқи Афғонистон бар асари таркиш се фармондеҳи баландпояи гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” кушта шудаанд. Рӯзи якшанбе ин хабарро манбаъҳои қобили эътимод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

Яке аз кушташудаҳо Абудулвалӣ будааст, ки бо лақаби Умар Холид Хуросонӣ ҳамчун фармондеҳи бонуфуз ва бераҳми “Таҳрики Толибони Покистон” маъруф мебошад. Ду нафари дигар Ҳафиз Давлат ва Муфтӣ Ҳасан будаанд.

Тибқи иттилои расида, рӯзи 7-уми август мошини ин гурӯҳ аснои ҳаракат дар ноҳияи Бирмали вилояти Пактикои Афғонистон бо мина бархӯрдааст. Ҳамин манбаъ илова кардааст, ки се фармондеҳ дар вилоятҳои Кунар ва Нангарҳори Афғонистон мустақар будаанд.

Ҳодиса замоне рӯй дод, ки ҳукумати Покистон бо Толибони покистонӣ имкони созиши сулҳро баррасӣ доранд. Тӯли ду моҳи гузашта ҳукумат ва Толибони покистонӣ оташбас эълон карда буданд.

Amnesty International аз вокуниш ба гузориши ахираш изҳори тассуф кард

8 июли соли 2022. Сарбозони украинӣ дар кӯчаи шаҳри Покровски вилояти Донетск

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty International дар як изҳороташ рӯзи 7-уми август гуфт, “аз хашму нороҳатие”, ки гузориши ахираш дар бораи Украинаву ҳолатҳои дар хатар гузоштани ҷони сокинони мулкӣ дар муқовиматаш бо оташи Русия эҷод кардааст, “амиқан мутаассиф аст”. Дар гузорише, ки рӯзи 4-уми август нашр шуд, ин созмон мегӯяд, ки муқовимати низомиёни украинӣ аз мактабу беморхона ва биноҳои истиқоматии воқеъ дар маҳалҳои серодам ҳаёти сокинони мулкиро дар хатар мегузоранд.

Дар мавҷи танқидҳо аз гузориш раҳбари дафтари намояндагии Amnesty International дар Украина ба истеъфо рафт ва гуфт, ки ин гузориш барои афзоиши таблиғоти зиддиукраинии русҳо мусоидат кардааст. Президент Владимир Зеленский гуфт, ки ин гурӯҳи ҳуқуқи башар “як давлати террористиро афв карда масъулиятро аз таҷовузгар ва дӯши қурбонӣ бор кард”.

Amnesty International айни замон гуфт, “мо аз далелҳои овардашуда дар ин гузориш ҳимоят мекунем” ва “ҳеҷ ҳолати сабткардаи мо дар робита бо нирӯҳои украинӣ ба ҳеҷ сурат хатокориҳои русҳоро сафед намекунад”. Дар изҳорот омадааст, ки гузориш ба ҳеҷ сурат ба он маъно нест, ки “Amnesty International нирӯҳои украиниро барои қонуншиканиҳое, ки аз ҷониби нирӯҳои русӣ содир шудааст, ҷавобгар медонад ваё ин ки нирӯҳои украинӣ дар дигар ҷойҳои кишвар чораҳои эҳтиёткориро риоя намекунанд”.

Дар гузориши Amnesty International аз 19 ҳолати дар хатар гузоштани ҳаёти сокинони мулкӣ ёдовар шудаанд, ки ба навиштаи онҳо, дар деҳоти минтақаҳои Харков, Донбасс ва Миколаев рух додаанд. Дар изҳороташ ин созмон гуфт, ки дар дуруст будани интиқодаш шубҳа надорад ва ҳар ҳолатеро ба инобат гирифтааст, ки низомиён худро дар наздикии макони зисти сокинони мулкӣ қарор дода хатари омадани оташи русиро ба миён овардаанд. Вале ба навиштаи Amnesty International, нороҳативу хашме, ки ин гузориш эҷод кард, қобили дарк аст. “Amnesty International аз нороҳативу хашме, ки ин гузориш дар бораи шеваи ҷанги низомини украинӣ эҷод кардааст, амиқан мутаассиф аст”.

Дар Маскав барои марги се коргар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Акс аз бойгонӣ

Яке аз се коргаре, ки дар қубурҳои корези шаҳри Маскав даргузашт, шаҳрванди Тоҷикистон ва ду нафари дигар – қирғизистониҳо буданд. Людмила Нефедова, намояндаги расмии додситонии шаҳри Маскав дар сӯҳбат бо Интерфакс рӯзи 7-уми август гуфт, ки ин ниҳод ба Кумитаи тафтишотӣ тамоми маводи вобаста ба ҳодисаи марги коргарони ширкатеро, ки масъулияти тоза кардани роҳу қубурҳои обгузарро дар ҷанбулу шарқи Маскав ба ӯҳда дошт, ирсол намуд.

Ӯ гуфт, ки ҷасади ин се коргар бо ёрии наҷотбахшон берун бароварда шуд. Додситонӣ аз рӯи ҳодисаи марги коргарон парвандаи ҷиноӣ боз карда гуфт, «дар амали ширкати тиҷоратӣ нишонаҳои ҷиноят дида мешавад» ва додситонӣ бар асоси моддаҳои 143 ва 216-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне «вайрон кардани талаботи бехатарии кор» ва «вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ба ҳангоми дигар корҳо» парванда боз кардааст.

Ба иттилои Нефедова, ҳодиса рӯзи якшанбе дар кӯчаи Краснодарская рух дод. Ҳангоми кор дар дохили қубурҳои корез зоҳиран сатҳи об боло рафта се коргар, аз ҷумла, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд. Се нафари дигар ба бемористон интиқол ёфтанд. Маълум шуд, ки ин корҳоро ширкати "АкваТрейд" анҷом медод.

Мутахассисони чинӣ тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистонро таҳия мекунанд

Ҳаштод мутахассиси донишкадаи лоиҳакашии Чин вориди Қирғизистон шуда, ба омодасозии тарҳи техникиву иқтисодии роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон шуруъ кардаанд. Дар ин бора аз вазорати нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон хабар доданд. Дар вазорат гуфтанд, ки роҳбарияти Қирғизистон ҳадаф доранд, тарҳ ҳарчи зудтар амалӣ шавад.

Ахиран иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов гуфт, дар саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд санади сеҷонибаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон имзо хоҳад шуд.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз ибтидои солҳои 2000-ум эълом шуда буд, аммо то ин замон тарҳ амалӣ нашудааст.

Бунёди Назарбоев як созмони амрикоиро ба додгоҳ кашидааст

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон.

Бунёди раисиҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зидди созмони ғайритиҷоратии "Courthouse. Journalism Development Network", ки мақарраш дар Балтимор аст, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Ба иттилои сомонаи "Courthouse News Service", Бунёди Назарбоев маълумотеро, ки дар таҳқиқоти муштараки Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта ва фасод (OCCRP) моҳи январи соли равон дар гузориши худ овардааст, "дурӯғ ва тӯҳмат номид".

OCCRP дар якҷоягӣ бо нашрияҳои "Vласть" аз Қазоқистон ва Kloop хабар дода буд, ки Назарбоев дар замони раёсатҷумҳуриаш чор фонд ё бунёде бо номҳои ба ҳам монанд таъсис додааст, ки ношаффоф амал мекунанд ва тавассути онҳо на камтар аз 8 миллиард доллар дороӣ идора мешавад.

Аз ин бунёдҳо "Назарбоев Фонд", "Фонди Нурсултон Назарбоев", "Фонди Демеу" ва "Елбошӣ Фонд" ном бурда шуда буд.

Ҷасади раҳбари “Ал-Қоида” дар Кобул “гум” шудааст?

Айман Аз-Завоҳириро дар маркази Кобул тариқи ҳавопаймои бесарнишин куштаанд.

Мақомоти ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯянд, дар макони ҳамлаи Амрико ҷасади Айман Аз-Завоҳириро пайдо накардаанд.

Мақомоти амрикоӣ рӯзи 31-уми июл эълон карданд, ки Айман Аз-Завоҳириро дар маркази Кобул тариқи ҳавопаймои бесарнишинӣ куштаанд. Дар аввал Толибон ин хабарро комилан рад карданд, вале ҳоло мегӯянд, намедонистанд, ки раҳбари “Ал-Қоида” чӣ тавр ба Кобул омадааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи ин ҳодиса то ҳол идома дорад, вале аз он хонае, ки Амрико зарба зада буд, ҳеҷ ҷасаде пайдо накардаанд.

Ӯ гуфт, ҳавопаймои бесарнишинӣ амрикоӣ бо силоҳе ҳамла кардааст, ки ҳама чизро нобуд мекунад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Толибонро барои паноҳгоҳ додан ба террористон айбдор мекунанд.

Асадулло Надим, хабарнигори таҳқиқгар мегӯяд, Толибон дурӯғ мегӯянд, ки ҷасадро пайдо накардаанд. Ӯ гуфт, дар аввал онҳо мегуфтанд, ки Аз-Завоҳирӣ дар Афғонистон нест, ҳоло мегӯянд, ҷасадашро наёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, Толибон бо дурӯғ мехоҳанд, ҷомеаи ҷаҳониро фиреб диҳанд.

Толибон дар ҳоле чунин гуфтанд, ки Гулбуддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ, рӯзи ҷумъаи гузашта гуфт, бояд маълум кард, ки кӣ Аз-Завоҳириро ба Кобул овардааст. Ӯ гуфт, Амрико дар 20 сол натавонист ӯро бикушад, вале чӣ тавр Айман ба Кобул омад ва кӣ ӯро ба амрикоиҳо фурӯхт, бояд Толибон дақиқ кунанд.

Ҳикматёр гуфт, кишваре, ки дар дохили хоки Афғонистон ҳамла анҷом медиҳад, душман аст.

Соле пеш, Толибон ва ИМА дар Қатар созишнома имзо карда буданд ва як шарташ ин буд, ки ин гурӯҳ ба террористон бояд паноҳгоҳ надиҳад. Ҳоло аксари кишварҳо ба ин назаранд, ки Толибон ба чашми онҳо хок мепошад ва дурӯғ мегӯянд.

Корвони киштиҳои Украина ба самти Чин, Италия ва Туркия ҳаракат карданд

Нахустин корвони киштиҳо рӯзи 1-уми август аз Украина берун шуданд.

Мақомоти Украина хабар доданд, ки субҳи 7-уми август корвони киштиҳо бо маҳсулоти ин кишвар аз бандари Одеса ва Черноморск ба роҳ баромаданд.

Ин се киштӣ 170 ҳазор тонна гандум ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ доранд ва ба самти Туркия, Италия ва Чин ҳаракат мекунанд.

Ин дуюмин корвони киштиҳои украинӣ ҳаст, ки пас аз созиш бо Русия ва дигар кишварҳо маҳсулоти кишоварзии Украинаро барои фурӯш берун мебарад.

Пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина роҳи ин кишвар ба баҳр баста буд. Рӯзи 22-уми июл Русия бо миёнаравии СММ ва Тукряи бо Украина барои берун кардани маҳсулоти кишоварзиаш тариқи се бандар созишнома имзо кард.

Александр Кубраков, як мақомдори украинӣ, гуфт, тасмим доранд, ки моҳе тариқи сад киштӣ молу маҳсулот ба хориҷ интиқол диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, Укриана ба харидорон то 3 миллион тонна маҳсулот интиқол доданист.

Ҳафтаи гузашта, бори аввал пас аз созиш, Украина бо чор киштӣ 80 ҳазор тонна маҳсулотро ба хориҷ интиқол дода буд.

Ҷанги бесабаби Русия бо Украина рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд ва то кунун идома дорад. Ҳазорон нафар дар ин ҷанг кушта шуданд ва миллионҳо нафар аз кишвар фирор намуданд.

Духтаре, ки бо талоши падар забон меомӯхт, дар Бритониё медали тило гирифт. ВИДЕО

Оминаи Иззатулло соҳиби медали тилои мусобиқае дар Бритониё шуд.

Оминаи Иззатулло, як духтари 14-сола аз ноҳияи Восеъ, ки Радиои Озодӣ дар бораи талошҳои забономӯзиаш гузориш карда буд, дар миёни ҳамсолонаш дар озмуни “Teeneagle ONLINE” дар Бритониёи Кабир ҷойи аввал гирифтааст.

Ин озмун барои наврасони донандаи хуби забони англисӣ аз 50 кишвари олам ҳамасола аз ҷониби колеҷи маъруфи “Brooke House” баргузор мегардад.

Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, имсол дар ин озмун 31 наврас аз Тоҷикистон ширкат кардааст. Дар баробари Омина, инчунин ду навраси дигар, Нозанин Шокирова, аз Душанбе ва Шукрона Аюбова, аз Хуҷанд мақоми аввалро соҳиб шудаанд. Аксари ширкатдорони дигар ҷойи дуюм ва сеюм гирифтаанд.

Изатулло Худойқулов, падари Омина аз пирӯзии духтараш хушҳол аст. Ӯ мегӯяд, духтараш дар миёни иштирокчиёни дигар ягона духтар аз ноҳияи дурдаст буд. "Бисёр хурсандам, ки духтарам дар ин озмун ҷой гирифт. Ҳафтаи дигар ба Тоҷикистон бармегардад,"--гуфт ӯ.

Наврасони тоҷик имкони иштирок дар озмунро пас аз пирӯзӣ дар даври аввали он, ки моҳи феврал онлайнӣ баргузор шуда буд, соҳиб шуданд.

Видеои Радиои Озодиро дар бораи талошҳои Омина инҷо бинед:

Оминаи Иззаттулло гуфта буд, ки падараш ӯро ташвиқ кард, то забони англисӣ омӯзад ва ба хориҷи кишвар сафар кунад.

Дар аксар деҳоти Тоҷикистон бархе падарон монеи таҳсили духтаронашон мешаванд, аз ин рӯ, Омина аз талошҳои падараш бо ифтихор нақл мекунад.

Озмуне, ки Омина дар он ширкат кард, аз 31-уми июл то 7-уми август дар Бритониёи Кабир давом кард.

Солҳои ахир омӯхтани забони англисӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бар асоси бархе таҳлилҳо, ҳоло аз ҳама бештар наврасони тоҷик ин забонро меомӯзанд.

Аз Русия ва Украина даъват карданд, ки дар назди нерӯгоҳи ҳастаӣ ҷанг накунанд

Нерӯгоҳи атомии Запорожей пеш аз ҳамлаиа Русия

Раиси Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ (МАГАТЭ) аз тирборон шудани нерӯгоҳи азими атомии Запорожей дар Украина сахт нигаронӣ кард ва гуфт, ки ин хатари "фалокати ҳастаӣ"-ро бештар мекунад. Ин бузургтарин нерӯгоҳи атомӣ дар Аврупо дониста мешавад.

Рафаэл Гроссӣ, раҳбари ин Ожонс, рӯзи 6-уми август дар ҳоле изҳорот дод, ки Маскав ва Киев ба тирборон кардани ин нерӯгоҳ муттаҳам мешаванд. Ӯ гуфт, аз тир паррондан ба сӯи ин нерӯгоҳ сахт нигарон аст. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати осеб расидан ба ин нерӯгоҳи атомӣ ба мардуми Украина ва берун аз он хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад.

Ӯ аз Русия ва Украина даъват кард, ки дар наздикии нерӯгоҳи атомӣ ҷанг накунанд.

Ин нерӯгоҳ, ки дар 200-километрии шимолу ғарби бандари Мариупол ҷой дорад, аз ҷониби Русия ғасб шудааст, вале нерӯҳои украинӣ барои озодсозии ин минтақа амалиёт анҷом медиҳад.

Рӯзи 5-уми август мақомоти Украина гуфтанд, ки як хатти баландшиддати барқ дар Запорожей бар асари тирпарронии Русия осеб дидааст, вале онҳо афзуданд, ки нерӯгоҳ то ҳол кор мекунад ва партовҳои радиоактивӣ ошкор нашудааст. Ба таври ҷудогона, истихбороти низомии Бритониё гуфтааст, ки ҷанги Русия дар Украина ба марҳалаи нав ворид мешавад ва шадидтарин ҷангҳо қад-қади рӯдхонаи Днепр ба ҷабҳаи тақрибан 350-километрӣ, ки дар ҷанубу ғарб аз наздикии Запорожжя то Херсон тӯл мекашад, идома хоҳад ёфт.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG