Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди КҲФ донишҷӯеро аз ғарқшавӣ наҷот дод


Денис Волнишков, корманди гурӯҳи ҷустуҷӯию наҷоти Ситоди Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда (КҲФ) дар вилояти Суғд дар рудхонаи Сир донишҷӯи 20-соларо аз ғарқшавӣ наҷот додааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, Масрур Давлатов, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсат то нимаи Сирдарё шино карда ва натавонистааст ба соҳил баргардад. Пас аз наҷот донишҷӯ ба кумаки тиббӣ ниёзе надоштааст.

Дар соли гузашта кормандони КҲФ дар вилояти Суғд 37 нафар ва дар соли ҷорӣ се нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Ҳамзамон, мувофиқи таҳлили мутахассисон, бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ, дар солигузашта 183 нафар ғарқ шудаанд. Аз ин шумора, то синни 10-сола 40 нафар, аз 10 то 17-сола 32 нафар ва аз 17-сола боло 111 нафар рост меояд.

XS
SM
MD
LG