Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ду шаҳри Сурия беш аз 100 кас кушта шуданд


Асароти яке аз таркишҳои рӯзи 23 май дар Ҷибла
Асароти яке аз таркишҳои рӯзи 23 май дар Ҷибла

Фаъолони Сурия мегӯянд, бар асари силсилаи таркишҳо дар ду такягоҳи режими президент Башор Асад дар соҳили баҳри Миёназамин беш аз 100 кас кушта шуданд. Масъулияти ҳамлаҳои хунини рӯзи 23 май дар шаҳрҳои Тартус ва Ҷабларо созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифтааст. Дидбони ҳуқуқи башар, як созмони марказаш дар Лондон гуфт, чанде аз ин таркишҳо тавассути бомбгузорони маргталаб анҷом шудаанд. Хабаргузории давлатии САНО гуфт, ду вокзали автобусҳо, як бемористон ва муассисаҳои дигар ҳадафи ҳамлаҳо қарор гирифтаанд. Русия, муттаҳиди калидии Башор Асад, дар Тартус пойгоҳи хурди баҳрӣ ва дар Ҷабла пойгоҳи ҳавоӣ дорад ва ҳамлаҳои ҳавоияш дар Сурияро аз ҳаминҷо анҷом медиҳад. Тартус ва Ҷабла аз оташи ҷанги шаҳрвандии Сурия, ки аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ дастикам 270 000 кушта ба ҷо гузоштааст, то ҳол эмин монда буданд. Кремл бо изҳори нигаронӣ аз бомбгузориҳои ахир гуфт, афзоиши танишҳо дар Сурия зарурати идомаи музокироти сулҳро бештар мекунанд. Бо миёнаравии Амрикову Русия моҳи феврал байни тарафҳои даргири ҷанги Сурия оташбас ба даст омад, вале ин тавофуқ пайваста поймол мешавад.

XS
SM
MD
LG