Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, рӯзи 22 май ба пойи сандуқи раъй рафта, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар овоз дод. Ӯ баъд аз раъй доданаш дар қитъаи рақами 25-и пойтахт гуфт, дар маҷмуъ тарафдори ислоҳи Қонуни асосист, аммо бо чанде аз бахшҳои ин тағйирот мувофиқ нест.
Ӯ гуфт: “Танҳо зидди чанд бахши он ҳастам, ки ба нафъи мардум нест. Азбаски дар порлумон намоянда надоштем, натавонистем барои ворид нашуданашон пофишорӣ кунем.” Аммо Шодӣ Шабдолов дар бораи ин моддаҳо дақиқ суҳбат накард ва фақат гуфт, ки “инҳо кадом моддаҳо ҳастанд, худатон хуб медонед.”
Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аммо гуфт, дар раъйпурсии соли 2003 ба хотири моддаи 28-и Қонуни асосӣ зиддаш раъй дода буд. “Ҳоло дар ин раъйпурсӣ ин модда ислоҳ шудааст, ки албатта ба манфиат аст,” – афзуд ӯ.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, панҷ навбат вакили порлумон буда, аммо дар интихоботи моҳи марти соли гузашта натавонист вориди Маҷлиси Намояндагон бишавад. Шабдолов аз шеваи баргузории ин интихобот шадидан норозигӣ карда, чанд муддат дар саҳнаи сиёсии кишвар кампайдо буд, вале дар суҳбат бо хабаригорони Озодӣ гуфт, ки ӯ ба кораш идома медиҳад ва барномаҳояш дар пешанд.