Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои озарӣ дар Афғонистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари суқути ҳавопаймои боркаши Озарбойҷон дар ҷануби Афғонистон 7 сарнишинаш ҳалок шуданд. Сухангӯи нирӯҳои низомии Амрико дар Афғонистон гуфт, ин ҳавопаймо, ки рӯзи 18 май ҳангоми ба ҳаво хестанаш аз фурудгоҳи низомии Камп Двайер дар вилояти Ҳилманд суқут кард, дар маҷмӯъ 9 сарнишин дошт. Ӯ гуфт, ду нафари зиндамондаро барои табобат ба пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор фиристодаанд. Сухангӯи нирӯҳои Амрико афзуд, суқути ҳавопаймо “ягон далели низомӣ надошт.” Ба гуфтаи ӯ, як қаноти ҳавопаймо дар оғози парвоз шикастааст.

Ҳавопаймои суқуткарда ба ширкати озарии “Silk Way Airlines” тааллуқ доштааст. Бино ба гузоришҳо, 5 сарнишини ин ҳавопаймо аз Озарбойҷон, се нафар аз Украина ва якеи дигар аз Узбакистон будаанд. Ду нафари зиндамонда украинӣ будаанд. Ҳавопаймои суқуткарда барои такмили маводи сӯхт ба қасди Марви Туркманистон парвоз мекард.

XS
SM
MD
LG