Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон 853 маҳбус озод мешавад


Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Туркманистон, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури ин кишвар Қонуни афвро имзо кардааст.

Бар асоси ин санади ҳуқуқӣ, 853 маҳбус аз зиндонҳои Туркманистон озод хоҳанд шуд.

Қонуни афв дар иртибот ба Рӯзи Қонуни асосӣ ва ашъори Махтумқулӣ, шоири маъруфи туркман таҳия ва имзо гардидааст.

XS
SM
MD
LG