Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастикам 54 кушта - дар таркишҳои Бағдод


Акс аз таркиши хунини 11 май дар Бағдод
Акс аз таркиши хунини 11 май дар Бағдод

. Дар силсилаи бомбгузориҳо дар пойтахти Ироқ дастикам 54 нафар кушта шуданд. Пулис ва табибон мегӯянд, дар таркишҳои Бағдод беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Як бомб дар бозоре дар маҳаллаи аксаран шиъанишини Ал-Шааб дар шимоли Бағдод 28 кушта ва беш аз 60 захмӣ ба ҷо гузошт. Дар таркиши дигар дар маҳаллаи Ал-Рашид дар канораҳои ҷанубии пойтахти Ироқ 6 нафар кушта ва 21 тан маҷрӯҳ шуданд. Дар таркиши баъдӣ дар минтақаи низ аксаран шиъанишини Садри Бағдод дастикам 15 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 30 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Касе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале чанд бомбгузории хунини қаблӣ дар Бағдод ва атрофи онро созмони тундрави “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифта буд. Ҳафтаи гузашта дар таркишҳои Бағдод дастикам 140 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG