Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 кушта дар як задухӯрд дар шаҳри Дарбанд


Шаҳри Дарбанд
Шаҳри Дарбанд

Пулиси ҷумҳурии Доғистони Русия мегӯяд, дар даргириҳои рӯзи 14 май ду афсари пулис ва 4 чирикӣ кушта шуданд. Сухангӯи пулис Фотима Убайдатова гуфт, ин даргириҳо замоне оғоз ёфт, ки нирӯҳои пулис ҳангоми кофтукоб дар як манзил дар шаҳри Дарбанд бо ҷангҷӯён рӯбарӯ шуданд. Убайдатова гуфт, чирикиҳо алайҳи пулис норинҷак ҳаво дода, як афсари захмиро гаравгон гирифтанд. Ӯ афзуд, пулис баъди дарёфти маълумот дар бораи ҳалок шудани афсари гаравгон ба манзил ҳамла кард. Интерфакс аз қавли манобеаш хабар дод, ки дар ин манзил дастикам 4 ҷангҷӯ кушта шудаанд. Созмони ифротии “Давлати исломӣ” иддао кардааст, ки ҷангҷӯёни он дар пушти ин ҳамла истодаанд. Доғистон ба як маркази фаъолиятҳои чирикиҳое табдил ёфтааст, ки мехоҳанд дар минтақаи Қафқози шимолии Русия давлати исломӣ бисозанд.

XS
SM
MD
LG