Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худовандгони сухани порсӣ" ҷоиза гирифт


Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик барои нашри китоби "Худовандгони сухани порсӣ" соҳиби ҷоизаи ба номи Ашӯр Сафар шуд. Ин китоб, пажӯҳишҳои ин олими тоҷик дар бораи "Шоҳнома"и Фирдавсиро дар бар мегирад.

Ҷоизаи Ашӯр Сафар соли 2010 аз сӯи ҳукумати Кӯлоб таъсис ёфта, ҳамасола ба адибони минтақаи Кӯлоб дар моҳи май тақдим мешавад. Соли гузашта ин ҷоиза насиби шоир ва устоди донишгоҳи Кӯлоб Абдулҳай Қаландар шуда буд.

Зафар Мирзоён шашумин нафаре, ки баъди тасдиқи ин ҷоиза, аз сӯи шаҳрдории Кӯлоб ба адибон тақдим мешавад. Ӯ чанд соли пеш низ барои нашри мақолаҳои таҳлилӣ соҳиби ҷоизаи Пайванди Гулмурод, журналисти тоҷик шуда буд.

XS
SM
MD
LG