Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханони Камерон роҷеъ ба Афғонистону Нигерия


Девид Камерон-нахуствазири Британия гуфт, ки Афғонистону Нигерия барои мубориза бо ришвахорӣ “қадамҳои ҷиддӣ ба пеш бардоштаанд”. Вай қабл аз ин суханон гуфта буд, ки ин ду кишвар “кишварҳои фасодзадатарин” ба шумор мераванд.

11 май Камерон зимни суханони худ ба аъзои порламони кишвараш гуфт, ки раҳбарон “бар зидди низоми ришвахор сахт мубориза мекунанд”.

Ин изҳороти Камерон дар бораи ин ду кишвар аслан ишора ба суханони вай дар қабулгоҳи маликаи Британия дар 10 май аст. Вай гуфта буд: “Мо раҳбарони баъзе кишварҳои сахт фасодзадаро дорем, ки ба Британия меоянд. Нигерия ва Афғонистон эҳтимолан ду кишвари фасодзадатарини ҷаҳон мебошанд”.

Вай ин суханонро дар робита бо оғози кори конфронси 12 маи раҳбарон роҷеъ ба мубориза бо ришвахорӣ баён дошта буд.

Зафар Ҳошимӣ-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ин суханони Камерон гуфт, “Мо на танҳо дар баробари мардуми Афғонистон, балки дар баробари маҳофили байналмиллалӣ уҳдадор ҳастем, ки ба таври ҷиддӣ бо ришвахорӣ дар Афғонистон мубориза барем”.

Афғонистон дар ҷадвали созмони Шаффофияти байналмиллалӣ роҷеъ ба ришвахорӣ аз поён дар зинаи дуввум, яъне дар зинаи 166 ҷой гирифтааст. Нигерия дар зинаи 136 аст.

XS
SM
MD
LG