Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 кушта дар як таркиш дар маҳаллаи шиъанишини Бағдод


Асароти як таркиши қаблӣ дар минтақаи Садр. 28 феврали соли 2016
Асароти як таркиши қаблӣ дар минтақаи Садр. 28 феврали соли 2016

Таркиши шадиди мошини бомбгузоришуда дар як минтақаи шиъанишин дар канори Бағдод, пойтахти Ироқ дастикам 16 кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷо гузошт. Ин таркиш дар як бозори пуриздиҳом дар минтақаи Садр дар шарқи Бағдод рух додааст.Созмони тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти анҷоми ин ҳамларо даъво карда, дар як баёния дар Интернет гуфтааст, ҳадаф таҷаммӯи шибҳанизомиҳои шиъа буд. Пулиси Ироқ мегӯяд, шумори қурбониён метавонад боз ҳам биафзояд. Ифротиҳои суннӣ, ки манотиқи дурдаст дар шимолу ғарби Ироқро таҳти назорат доранд, минтақаҳои умдатан шиъанишини ин кишварро пайваста ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG